Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон раҳбарони гуруҳҳои пахтачин мегӯянд, то ҳол маош нагирифтаанд


Дар Ӯзбекистон 35 раҳбари гуруҳҳое, ки соли 2018 дар ноҳияи Шовоти вилояти Хоразм бо сафарбар кардани сокинон ва ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта машғул буданд, мегӯянд, то ҳол наметавонанд, маоши худро дарёфт кунанд.

Онҳо дар номае ба Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, раҳбарияти ширкати "Шовот Текстил", ки бо он қарордоди корӣ баста буданд, ҳар рӯз ваъдаҳои дуруғ дода, намехоҳад, маоши онҳоро пардохт кунад.

"Мо бо ширкати "Шовот Текстил" қарордоди расмӣ имзо кардаем. Вале раҳбарияти он пас аз анҷоми мавсими ҷамъоварии пахта бо ҳар баҳонае аз пардохти маошамон худдорӣ мекунад. Борҳо ба раҳбарияти ширкат муроҷиат кардем, вале ҳар бор ваъдаи дуруғе мешунавем", - омадааст дар номаи мазкур.

​"Аз 20 сентябр то 10 ноябри соли 2018 мо дар пахтазор будем. Бархе аз раҳбарони гуруҳҳо бояд 2-3-миллионсӯмӣ ($240-360) маош мегирифтанд. Вале ин пулро то ҳол надодаанд", - гуфт, раиси яке аз маҳаллаҳои Шовот, ки раҳбарии гуруҳи пахтачинро бар зимма дошт.

​Ёдрас мешавем, дар ҷаласае, ки 5 сентябри соли гузашта дар робита ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта таҳти раҳбарии сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гашт, гуфтанд, соли 2018 дар ин кишвар 26 ҳазору 467 гуруҳи пахтачинҳо таъсис дода мешавад. Ҷамъан 2 миллиону 639 ҳазор нафар бояд ба ҷамъоварии пахта сафарбар мешуданд.

Сарвазири Ӯзбекистон дар ин ҷаласа гуфт, раҳбарии гуруҳҳоро раисони маҳалла ва кормандони идораву муассисаҳое метавонанд, бар зимма гиранд, ки тавони идориро доранд.

Маоши раҳбарони гуруҳҳо на камтар аз 2 миллион сӯм (беш аз 250 доллар) гуфта мешуд.

XS
SM
MD
LG