Ссылки доступа

Шаҳрдории Душанбе барои якранг кардани таксиҳо 6 моҳ муҳлат дод


Ҳукумати шаҳри Душанбе намуди ягонаи таксиҳоро тасдиқ кард, ки аз ранги зарду сафед ва нуқтаҳои сиёҳ таркиб ёфтааст. Мақомот ба ронандаҳои таксӣ дар пойтахт то 15-уми июни имсол муҳлат додаанд, то мошини худро бо чунин ранг ё намуд оро бидиҳанд.

Бар асоси ин тарҳ, қисмати болоии таксӣ зард ва қисмати поёниаш сафед аст. Дар паҳлуи он нуқтаҳои сиёҳ ва инчунин, ҷойи навиштани телефонҳои хадамоти таксӣ ва таблиғот вуҷуд дорад.

Бадриддин Қурбонов, муаллифи тарҳ рӯзи 5-уми январ гуфт, аз қабл дар бораи тағйири намуди зоҳирии таксиҳо дар пойтахт андеша дошт ва эълони озмун дар чанд моҳи қабл ба ӯ "илҳом бахшид". Қурбонов соли 1995 шомили факултети нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуда, пас аз хатми он дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси омӯзгори графикаи компютерӣ кор мекунад.

"Ҳам нақлиёт ва ҳам графикаи компютерӣ ба ман ошност. Бо истифода аз донишҳое, ки дар ин ду бахш дорам, чанд ангора ё намуди ягонаи таксиҳоро омода кардам. Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамон ангораеро интихоб кардааст, ки тақрибан дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рамзи ягонаи таксиҳо шинохта мешавад", - афзуд ӯ.

Таксӣ дар Душанбе яке аз нақлиёти серистифода ба ҳисоб меравад. Дар гузашта дар пойтахти Тоҷикистон таксиҳои маъруф ба “3 сомонӣ” фаъол буд, ки сокинонро аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр, яъне дар хатсайрҳои муайян, ба ивази се сомонӣ мерасонд.

Баъдан шаҳрдорӣ ба хотири танба нашудани мошинҳо дар роҳҳои марказӣ ва ҳамин тавр ба истифода додани мусофиркашонҳои нав ҳаракати таксиҳои се сомониро манъ кард.

Як моҳ пеш инчунин аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе хоста шуд, ки барои мусофиркашонӣ мошинҳои сиёҳшишаро истифода накунанд.

XS
SM
MD
LG