Ссылки доступа

Зилзилашинос: Қазоқистон бояд қонун дар бораи бехатарӣ аз заминларза дошта бошад


Нурсарсен Ӯзбеков, муовини мудири Институти зилзилашиносии Қазоқистон дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар бораи минтақаҳои аз заминларза осебпазири Қазоқистон ва кор болои харитаҳои махсус нақл кард.

Вай бар ин назар аст, ки бояд қонуни алоҳидае дар бораи бехатарӣ аз заминларза қабул шавад.

Нурсарсен Ӯзбеков гуфт, наздики 40 дарсади ҳудуди Қазоқистон минтақаҳои аз ҷиҳати заминларза хатарнок ҳастанд. Ин минтақаҳо - вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ, Ҷамбул, вилоят ва шаҳри Алмато, Туркистон ва Қизилорда ҳастанд. Дар вилоятҳои ёдшуда таҳқиқотҳои илмӣ идома дорад.

"Пештар мо бо ченаки бал ё дараҷа хатари заминларза ё ларзишро чен мекардем, акнун шиддатнокии онро ба ҳисоб мегирем. Ин кор дар фосилаи ду сол сурат мегирад. Чунин кор ба хотири ташкили шароит барои сармоягузорони хориҷӣ ва таъмини амнияти сармоя рӯи даст гирифта шудааст. Соли 2015 мо харитаи минтақаҳои аз зилзила осебпазирро дар мувофиқа бо стандартҳои аврупоӣ таҳия кардем. Аммо ин харита нокомил аст, мо бояд онро то соли 2021 комил гардонем", - гуфт Нурсарсен Ӯзбеков.

Ба гуфтаи вай, масъалаи асосие, ки аҳолиро ба ташвиш овардааст - ин пешгӯии заминларза аст. "Мо пешгӯии семарҳилаии заминларзаи шадидро пешниҳод мекунем. Се навъи пешгӯиро ташхис медиҳем. Дарозмуддат - аз панҷ то ҳафт сол, миёнамуддат - то як сол ва кутоҳмуддат - соат ба соат ва рӯз ба рӯз", - афзуд муовини мудири Институти зилзилашиносии Қазоқистон.

Ин марказ дар саросари Қазоқистон 63 пойгоҳ дорад, ки зилзилаҳоро сабт мекунанд.

XS
SM
MD
LG