Ссылки доступа

Пашинян ҳодисаи Қарағандаи Қазоқистонро шарҳ дод (видео)


Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон Никол Пашинян 7 январ куштореро шарҳ дод, ки шаби Соли нав дар натиҷаи як задухӯрди гуруҳӣ дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон сурат гирифт.

Ӯ ба наздикону пайвандони ҳалокшуда ҳамдардӣ баён карда, аз расонаҳои Арманистон хост, дар ин бора "танҳо баъд аз таҳқиқи мушикофона" маълумот нашр кунанд.

"То ҷое ба ман расонданд, ҷонибҳои низоъ намояндагони як милат набуданд. Дар миёни онҳое, ки занозанирон барангехтаанд, қазоқтабор низ ҳаст ва он наметавонад, хусусияти миллӣ дошта бошад", - гуфт Пашинян дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Пештар вазири умури хориҷии Арманистон Шаварш Кочарян 3 январ бо нашри як изҳорот аз шаҳрвандони кишвараш хост, танҳо ба манобеи расмӣ такя ва аз паҳни хабарҳое худдорӣ кунанд, ки ба ҳодиса хусусияти миллӣ мебахшанд.

Шаби 31 декабр дар яке аз тарабхонаҳои Қарағанда миёни ду гуруҳи меҳмонон задухӯрд сурат гирифта, бино ба иттилои додситонӣ, дар натиҷа чаҳор кас бо корд захмӣ шуданд, ки дертар якеашон ба ҳалокат расид.

Мақомоти Қарағанда мегӯянд, таҳиқи ин куштор зери назорат қарор дорад ва тахминзаниҳо дар бораи хусусияти маҳал доштани низоъ беасосанд. 9 иштирокчии ин занозанӣ муайян ва 8 танашон дастгир шудаанд.

Садҳо сокини Қарағанда 6 январ ба кӯчаҳо баромада, аз мақомот талаб карданд, ҷанҷоли гуруҳиро шарҳ диҳанд. Бархе аз эътирозгарон ибрози нигаронӣ доранд, ки "дастандаркорони куштор аз ҷавобгарӣ фирор хоҳанд кард". Бо эътирозгарон ҳокими шаҳр Ерлан Кошанов мулоқот карда, ваъда дод, ки гумонбари асосӣ дар давоми ду-се рӯзи оянда боздошт хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG