Ссылки доступа

Сокинони Бишкек зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ эътироз карданд


Дар майдони Ала-Тои шаҳри Бишкек 7 январ бо талаби берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ - шаҳрвандони Чин - аз Қирғизистон гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Дар ин гирдиҳамоӣ то 300 кас ҷамъ омада буд.

Одамоне, ки дар майдон ҳузур доштанд, гуфтанд, иқдомро касе созмон надодааст ва онҳо бо хоҳиши худ гирди ҳам омадаанд.

Моҳи декабри соли 2018 созмони ҷамъиятии "Қирғиз чоролору" дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоии сулҳомезе барпо ва аз боздошти ақалиятҳои миллӣ дар Чин изҳори нигаронӣ карда буд

Баъди он гирдиҳамоӣ тавассути паёмрасонҳо хабаре нашр шуд, ки сокинонро ба гирдиҳамоии 7 январ даъват мекард. Созмони "Қирғиз чоролору" гуфт, ба паҳн кардани хабар рабте надорад.

Гирдиҳамомадагон тасмим доранд, 17 январ низ дар майдон ҷамъ шаванд.

XS
SM
MD
LG