Ссылки доступа

Навори гумонбари эҳтимолии занозании Қарағанда нашр шуд


Дар Интернет навори муроҷиати марде нашр шуд, ки худро Нарек Гурурян меномад. Марде бо ин ному насаб бо гумони даст доштан дар занозании гуруҳии шаби 1 январ дар Қарағанда, дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон шуд. Дар он занозанӣ як одам кушта шуда буд.

Нарек Гурурян дар муроҷиаташ мегӯяд, "касеро накуштааст".

Ин мард ба хонаводаи кушташуда изҳори ҳамдардӣ баён ва ширкаташ дар занозаниро рад мекунад. Вай изҳори омодагӣ кард, ки ба мақомоти Қазоқистон таслим мешавад ва хост, шаффофияти тафтишот ва амнияташ таъмин шавад.

"Ман омодаам, барои амалҳоям посух гӯям, аммо гуноҳи дигаронро ба дӯш намегирам. Ман касеро накуштаам. Ман қотил нестам", - гуфт он мард.

Акси Гуруряни 22-соларо ҳамроҳ бо се боздоштшудаи дигари ин парванда пештар аз ин расонаҳои маҳаллии Қазоқистон нашр карданд.

Шаби 31 декабр дар яке аз тарабхонаҳои Қарағанда миёни ду гуруҳи меҳмонон задухӯрд сурат гирифта, бино ба иттилои додситонӣ, дар натиҷа чаҳор кас бо корд захмӣ шуданд, ки дертар якеашон ба ҳалокат расид.

Мақомоти Қарағанда мегӯянд, таҳиқи ин куштор зери назорат қарор дорад ва тахминзаниҳо дар бораи хусусияти маҳал доштани низоъ беасосанд. 9 иштирокчии ин занозанӣ муайян ва 8 танашон дастгир шудаанд.

Садҳо сокини Қарағанда 6 январ ба кӯчаҳо баромада, аз мақомот талаб карданд, ҷанҷоли гуруҳиро шарҳ диҳанд. Бархе аз эътирозгарон ибрози нигаронӣ доранд, ки "дастандаркорони куштор аз ҷавобгарӣ фирор хоҳанд кард". Бо эътирозгарон ҳокими шаҳр Ерлан Кошанов мулоқот карда, ваъда дод, ки гумонбари асосӣ дар давоми ду-се рӯзи оянда боздошт хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG