Ссылки доступа

Табибон сабаби марги Файзиниссо Воҳидоваро шарҳ доданд


Табибони тоҷик сабаби марги Файзиниссо Воҳидова, вакили шинохта ва фаъоли ҷомеаи маданиро шарҳ дода, бемории ҷигарро омили асосии даргузашти ӯ номбар карданд.

Табибоне, ки Воҳидоваро муолиҷа кардаанд, 7 январ гуфтанд, Файзиниссо Воҳидова, ки “як баста” беморӣ дошт, ва ӯ бар асари хуруҷи бемории сиррози ҷигар фавтид.

Хуршед Оқилов, табиби шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд, ки Файзиниссо Воҳидова онҷо як ҳафта дар моҳи декабр муолиҷа шуд, гуфт, “бемор зардпарвини музмин дошт ва гузариш ба сиррози ҷигар шуд. Баъдан ба хунравӣ дар меъда ва сурхрӯда сабаб шуд. Фавт аз ин беморӣ аз 80 то 90 дар сад аст “.

Вакили 55-солаи тоҷик шаби 3-уми январ дар шифохонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд даргузашт.

Набиҷон Рауфов, табиби шифохонаи хусусии “Наргис”, ки вакили дифоъ барои муолиҷа ба онҷо мерафтааст, гуфт, ки соли 2015 ҳангоми ташхис маълум карданд, Файзиниссо Воҳидова бемории "Гепатити B" дорад ва солҳои баъдӣ аз ӯ пурсиданд, ки оё муолиҷа гирифтааст, ё не.

“Муаллима гуфт, ки не аҳамият надодам, серкор будам, баъдан бемории гепатиташон авҷ гирифт” – гуфт Набиҷон Рауфов. Табиби тоҷик дафтари таърихи бемории Файзиниссо Воҳидоваро ба хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод. Ӯ гуфт, “агар шумо табиб бошед, худатон инро мефаҳмед.”

Оқилов афзуд, ки Воҳидова бояд дар сабти шифохонаи бемориҳои сироятӣ мебуд ва ҳар сол ҷигараш ду дафъа муолиҷа мешуд, вале ин корро накардааст. Таҳмина Раҳимова, аз хешовандони Файзиниссо Воҳидова рӯзи 7-уми январ гуфт, ки дар воқеъ ӯ “бемории гепатит дошт.”

Файзиниссо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошта, яке аз вакилони шинохтаи Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки камбудиҳои ҳукуматро бепарда мегуфт ва бархӯрди мақомоти интизомӣ бо маҳбусон ва ҳукмҳои додрасҳоро танқид мекард.

Набиджон Рауфов
Набиджон Рауфов

XS
SM
MD
LG