Ссылки доступа

Ҷасади фармондеҳи пешини тоҷик Саъдӣ Холмуродов пайдо шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 7-уми январи соли 2019. Раҷабмоҳ исоева ва се фарзандаш дар Хатлон ба хок супурда шуданд, ҷасади фармондеҳи пешини тоҷик Саъдӣ Холмуродов дар рӯди Вахш ёфт шуд, сафари мушовири амниятии Президенти ИМА ба Исроил, арӯсии дастаҷамъии беш аз 90 духтари ятими мусулмон дар Ҳиндустон ва матолиби дигар. (видео)

- Кабоби "кабк" тухми кабкҳоро дар Хатлон қир мекунад? Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, назорати шикори кабк ва фаъолияти шикорчиҳоро шадидтар кардаанд. (видео)

- "Startup"-истон ба ҷавонони тоҷик як миллион сомонӣ пешниҳод дорад. Як ширкати хусусӣ ва гуруҳе аз соҳибкорони ҷавон барои ҳавасманд кардани ҳамсолонашон ба тиҷорат, озмуне эълон кардаанд ва барои тарҳи беҳтарин як миллион сомонӣ ва ё андаке бештар аз 100 ҳазор доллар медиҳад (видео)

- Табибон сабаби марги Файзиниссо Воҳидоваро шарҳ доданд. Табибони тоҷик сабабҳои марги Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои шинохтаро шарҳ дода гуфтанд, ки бемории ҷигар омили асосии даргузашти ӯ шудааст (видео)

- Аз ҳодисаи фавти Раҷабмоҳ ва се фарзандаш ҳама аҳли деҳа гирист (видео)

- Видоъ бо оилаи ҳалокшудаи тоҷик дар Магнитогорск. Дар шаҳри Магнитогорски Русия бо аъзои хонаводаи тоҷик видоъ гуфтанд, ки онҳо рӯзи 31-уми декабр дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ ҳалок шуданд. Видео рӯзи 5-уми январ сабт шудааст ва бидуни шарҳ аст (видео)

- Калисои Украина эъломияи худмухториро ба даст овард. Калисои православии Украина аз усқуфи аъзам Бартоломей санади расмиеро гирифт, ки ба тобеияти 330-солаи ин калисо ба Калисои православии Русия хотима дод. Эъломияи худмухториро, ки аз ин пештар имзо шуд, дар маросими махсус дар шаҳри Истанбул ба Эпифаний, усқуфи нави Киев рӯзи 6-уми январ супурданд (видео)

- Осиё: нооромиҳо дар Қарағанда (видеои Настоящее время)

- Занозании мастона ё ҷанг миёни қазоқҳову арманиҳо. Дар Қарағанда талаб доранд, куштор дар тарабхона таҳқиқ шавад (видеои Настоящее время)​

- Дар Гурҷистон бори нахуст додгоҳ занеро қурбонии озори ҷинсӣ эътироф кард. (видео аз Директ)

- Табаддулоти нокоми Габон (видео)

- Дар Алмато бозсозии яке аз баландтарин ибодатгоҳҳои чубӣ ба охир мерасад. (видео аз Директ)

- Чи гуна Қирғизистон соҳиби "Пориси худӣ" шуд (видео аз Директ)

- Чаро блогери озарбойҷонӣ Меҳмон Ҳусейнов дар зиндон гуруснанишинӣ эълом кард? (видео)

- Донишгоҳи онлайнӣ. Чи гуна маълумоти олӣ тағйир меёбад? (видео аз Директ)

- Дар Ҳолливуд барандагони "Глобуси тилоӣ"-ро эълом карданд. (видео)

- Дар кишварҳои пасошӯравӣ кӣ бештар аз дигарон истироҳат мекунад (Инфографика)

- Таркишҳои гази табиӣ дар Русия дар 10 соли охир (Инфографика)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG