Ссылки доступа

Чин гуфт, коршиносони СММ-ро ба Шинҷон роҳ медиҳад


Чин хабар дод, омода аст, ки дар сурати иҷрои "расмиёт" намояндагони СММ-ро ба минтақаи Шинҷон-Уйғур роҳ диҳад.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтер, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Лу Кан дар як нишасти хабарӣ рӯзи 7 январ дар Пекин гуфт, ки коршиносони СММ бояд талаботи сайёҳат дар Чинро риоя намоянд, инчунин "аз дахолат ба корҳои дохилии кишвар" худдорӣ карда, бетарафӣ ва воқеъбинӣ нишон диҳанд.

Мишел Бачелет, Комисари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон моҳи декабр гуфт, коршиносони созмони мазкур талош доранд, дар робита ба "хабарҳои ташвишовар" дар бораи зиндагии ақалиятҳои миллӣ ба минтақаи Шинҷон-Уйғури Чин сафар кунанд. Моҳи августи соли 2018 комисияи ҳуқуқи инсони СММ хабар дод, ки "бино ба иттилои дақиқ", дар Шинҷон дар "урдугоҳҳои бозтарбия" бештар аз як миллион ақалиятҳои қавмӣ, ки ғолибан мусалмон ҳастанд, иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд.

Моҳҳои охир Пекин барои дифоъ аз амалкардҳояш дар Шинҷон маъракаеро рӯи даст гирифтааст. Ин маърака дар ҳоле амалӣ мешавад, ки нигарониҳои фаъолон, муҳаққиқон ва намояндагони мақомоти кишварҳои ҷаҳон дар робита ба вазъи Шинҷон бештар шудааст.

Дар чанд ҳафтаи охир Чин ба се "маркази таҳсили касбӣ", ки мақомоти ин кишвар "урдугоҳҳои бозтарбия"-ро чунин меноманд, сафари дипломатҳо ва хабарнигорони 12 кишвари ғайриғарбиро ташкил кард. Расонаҳо навиштанд, одамоне, ки дар урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтаанд, бо хоҳиши худ ба онҷо омадаанд. Онҳо суруд мехонанд, рақс мекунанд, забони чинӣ меомӯзанд. Ба иттилои мақомоти Чин, барномае, ки дар марказҳо омӯзонда мешавад, барои "пешгирӣ аз тундгароӣ" муассир аст.

Шоҳидон, инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар ин гуна урдугоҳҳо одамонро иҷборан нигаҳдорӣ ва нисбати онҳо муносибати бераҳмона мекунанд.

XS
SM
MD
LG