Ссылки доступа

“Шиносномаи хориҷӣ танҳо баъди ба тартиб даровардани риш” (гулчин)


.

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Куштор дар Қарағанда: гумонбари асосӣ ба Русия фирор кард (видеои Настоящее время)

- “Шиносномаи хориҷӣ танҳо баъди ба тартиб даровардани риш”. Дар тӯли чанд соли ахир бару дарозии риш борҳо бо ҷадвал чен шуд, домуллоҳо ришҳоро бо мушт қабза карданд ва гуфтанд, ки тӯлаш аз се сантиметр бештар набошад. Бо ин зоҳиран масъала бояд ҳал мешуд. Аммо ба назар мерасад, ин баҳс солҳои баъдӣ низ мардумро саргарм хоҳад кард (видео)

- Хабарҳои радиои деҳа. Аз эълони говҳои гумшуда то роҳҳои киштукор. Деҳаи дурдасти Сусамур дар вилояти Чуй дар Қирғизистон радиои ғайриоддие дорад. То чанд вақт пеш хабарҳои рустои дигар ба ин деҳа аз даҳон мерасиданд. Бо таъсиси радиои Сусамур ФМ вазъ дигар шуд, ҳоло хабари деҳаи дигарро дар Сусамур аз радиои деҳа мешунаванд (видео)

- Кабоби "кабк" тухми кабкҳоро дар Хатлон қир мекунад? Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, назорати шикори кабк ва фаъолияти шикорчиҳоро шадидтар кардаанд (видео)

- Шарҳи ВКД Қазоқистон дар мавриди ҳодисаи Қарағанда (видео)

- Дар Магнитогорск боздошти гуруҳии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ идома дорад (видеои Настоящее время)

- "Биёед ва ҷаримаатонро бигиред": сокинони Бишкек ошкоро қонуншиканӣ мекунанд ва онро дар навор сабт менамоянд (Қирғизистон)

- Осиё: ҳомии ҳуқуқ Воҳидова аз чи мурд, шарҳи табибон (видео)

- Чин урдугоҳҳои бозтарбияро аз дохил нишон дод. Чин ба рӯзноманигорон урдугоҳҳои бозтарбияро нишон дод. Тарбиятгирандагон сурудхонӣ карданд, рақсиданд ва гуфтанд, ки бо хоҳиши худ онҷо омадаанд. Аммо онҳое, ки дар урдугоҳҳо буданд, чизҳои дигар нақл мекунанд (видео)

- Дар Туркия баррасии парвандаи куштори сафири Русия шуруъ шуд (видеои Настоящее время)

- Курдҳоро баъди хориҷ шудани нерӯҳои ИМА аз Сурия чи интизор аст (видео аз Директ)

- Русияро муҳосираи варзишӣ таҳдид мекунад (видео)

- Донишгоҳи маҷозӣ. Маълумоти олӣ чи гуна тағйир мекунад? (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG