Ссылки доступа

Аз сиёсатмадори қирғиз Текебоев талаб доранд, дархости авф кунад


Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон аз роҳбари зиндонии ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев талаб кард, ки дархости авф нависад. Дар ин бора вакили дифои сиёсатмадор Таалайгул Токтакунова хабар дод.

Ба гуфтаи вай, раиси хадамот ва дигар намояндагони ин ниҳод назди Текебоев рафтаанд. "Онҳо гуфтаанд, ки дастгоҳи президент муроҷиатнома ба президентро дар мавриди дархости авф фиристодааст. Ин муроҷиатномаро Роза Исакова ва роҳбарони шаш ҷиноҳи порлумонӣ имзо кардаанд ва онҳо ба Текебоев ёдрас кардаанд, ки метавонад дархости авф кунад. Ба ибораи дигар онро метавон ҳамчун талаб унвон кард, ки аз Текебоев хостаанд, дархости авфро бо дасти худ имзо кунад", - мегӯяд вакили мудофеъ.

Вай афзуд, Текебоев имзои дархости авфро рад карда, тасмим дорад, худро дар додгоҳ сафед кунад.

Элеонора Сабатарова, сухангӯи Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон ҳарфҳои Токтакуноваро рад кард. Вай гуфт, раиси хадамот Таалайбек Жапаров назди Текебоев нарафта ва масъалаи авфро баррасӣ накардааст.

Роза Отунбоева, президенти пешини Қирғизистон рӯзи 25 декабр аз президенти кунунии ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков хост, вакили пешини порлумон Омурбек Текебоевро авф кунад.

Хонум Отунбоева ҳамчунин аз роҳбарони ҷиноҳҳои порлумонӣ даъват кард, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд. Ҳамаи шаш роҳбари ҷиноҳҳо муроҷиатномаро имзо карданд.

Аммо Турсунбек Акун, ваколатдори пешини ҳуқуқи инсон мегӯяд, Отунбоева ва шаш вакили порлумон президентро ба қонуншиканӣ ҳидоят мекунанд. Ба гуфтаи вай, қонунгузорӣ талаб мекунад, ки зиндонӣ бояд шахсан дархости авф кунад.

Пештар аз ин Ҷеенбеков гуфта буд, омода аст, дар сурати дархости шахсӣ Текебоевро авф кунад. Аммо Текебоев посух дод, ки тасмим надорад, чунин коре кунад.

XS
SM
MD
LG