Ссылки доступа

СММ ба духтари фирории саудӣ мақоми паноҳандагӣ дод


Созмони Милали Муттаҳид шаҳрванди Арабистони Саудӣ Раҳаф Муҳаммад ал-Қунуни 18-соларо, ки аз хонаводаи худ фирор кардааст, ҳамчун паноҳанда эътироф кард.

Дар ин бора намояндагони Вазорати умури дохилии Австралия хабар доданд, ки Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон ба онҳо муроҷиат карда буд. Ҳукумати маҳаллӣ низ гуфт, "муроҷиатро ба шакли муқаррарӣ баррасӣ хоҳад кард".

Пештар духтари саудӣ гуфта буд, ки ӯ раводиди Австралияро дошт ва мехост, аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кунад. Бародару падари духтар дар Тайланд қарор доранд, вале Раҳаф мулоқот бо онҳоро рад кард.

Ал-Қунун 5 январ аз Кувайт, ки ҳамроҳи хонаводааш рафта буд, фирор кард ва мехост, аз тариқи Тайланд ба Австралия сафар кунад. Вале ба маҳзи фуруд омаданаш дар шаҳри Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ шиносномаи ӯро гирифтанд. Дипломати саудӣ гӯиё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ки ӯ ба Австралия сафар кунад, бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Духтар дертар дар меҳмонсарои фурудгоҳи Бангкок худро бандӣ кард, то ба Кувайт ихроҷаш накунанд. Мақомоти Тайланд баъд аз як шабонарӯзи гуфтугӯ эълом карданд, ки ӯро ба Кувайт ихроҷ намекунанд. Духтар дар ҳамроҳӣ бо намояндагони СММ фурудгоҳро тарк кард.

Раҳаф дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашташ ба хона "ӯро марг мунтазир аст".

Дар Арабистони Саудӣ бо вуҷуди баъзе аз сабукиҳо занон ҳанӯз ҳам бо маҳдудиятҳои сахт рӯбарӯянд.

XS
SM
MD
LG