Ссылки доступа

Баъди ҷашнҳо дар Туркманистон навбатпоиҳо барои нон дубора ташкил шуданд


Ҷашнҳои солинавӣ ба поён расиданд ва дар пойтахти Туркманистон дубора навбатпоиҳо барои харидани нон пушти дари мағозаҳо ва барои гирифтани маблағ пушти бонкоматҳо пайдо шуданд.

"Дар вилоятҳои Лебап ва Марӣ ҳам одамон барои харидани нон ва гирифтани маблағ аз бонкомат навбатпоӣ мекунанд", - хабар медиҳанд шоҳидон.

Дар Туркманистон бештар аз як сол аст, ки камбуди нону орд мушоҳида мешавад. Дар мағозаҳои давлатӣ нону орд арзонтар, аммо бо маҳдудият фурӯхта мешавад. Вале дар бозорҳову мағозаҳои хусусӣ арзиши ин маҳсулот гарон ва дар ҳоли афзоиш аст.

Дар мағозаҳои давлатӣ нону орд нисбати мағозаҳои хусусӣ 5-6 маротиба арзонтар фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG