Ссылки доступа

Тоҷикистон ширкатҳои оффшориро вазифадор кард, моликонашонро ошкор кунанд


Ширкату корхонаҳо, аз ҷумла ширкатҳои оффшор дар Тоҷикистон ӯҳдадор шуданд, ки моликон ва ё манфиатбардорони худро ошкор кунанд.

Бо қувваи қонунӣ гирифтани иловаҳо ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ", аз 7-уми январ ширкату корхонаҳо дар Тоҷикистон ӯҳдадор шуданд, ки ҳангоми сабти ном шудан дар мақомоти андоз молик - бенефитсиар ва ё манфиатгири ниҳоии худро ошкор кунанд.

То кунун аксар моликони аслии ширкату корхонаҳо дар Тоҷикистон кушиш карданд номи худро пушти ширкатҳои оффшорӣ ва ё исми одамон дигар (подставной) пинҳон кунанд. Бинобар ин, дар Тоҷикистон матбуот ҷомеа ва дар баъзе мавридҳо худи мақомот низ намедонанд молики аслии ин ва ё он ширкат кӣ аст.

Мавзӯи кӣ будани молики аслии ширкат соли 2009 дар Тоҷикистон доғ гашта буд. Замоне, ки вакилони Маҷлиси намояндагон созишномаи консеcсионӣ миёни давлат ва ширкати офшории "IRS- Инновейтив роуд соллюшнз"-ро баррасӣ мекарданд, мавзӯи кӣ будани моликони ин ширкат, ки ягона роҳи мошингарди марказу шимол дар ихтиёраш дода мешуд, рӯ зад.

Аммо мақомот ба вакилон номи моликони ин ширкатро, ки дар асл дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия сабти ном шудааст, ошкор накарданд.
То кунун ҳадсу гумонзаниҳо дар мавриди ба кӣ тааллуқ доштани ин ширкат, ки масъули нигоҳубин ва пулчинӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ аст, идома дорад, вале молики аслии ин ширкат, ки аз ин роҳ даромади ҳангуфте мегирад, то ба ҳол аз чашми ҷомеа пинҳон боқӣ мемонад.

Мэлс Меликов, масъули бахшиши ҳуқуқи Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, тартиботи нави қонун ба ширкатҳое дахл хоҳанд гирифт, ки акнун таъсис ёфтаанд. Ӯ гуфт, "тавре медонед, қонун қувваи баръакс надорад. Яъне, он ширкатҳое, ки тибқи қонунҳои пешин ба қайд гирифта шудаанд, боқӣ мемонанд. Ин танҳо ба ширкатҳое дахл дорад, ки акнун ба қайд гирифта мешавад".

Тибқи иловаи моддаи 11-уми қонуни мазкур, ҳамакнун ширкатҳо ӯҳдадоранд ба мақомот дар бораи молики воқеии он маълумот пешниҳод кунанд, бидуни он ширкат дар мақомоти андоз сабти ном намешавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин тағйирот низ ба куллӣ наметавонад моликони аслии ширкатҳоро фош кунад. Чун дар Тоҷикистон бисёре аз афроди сарватманд ва наздик ба ҳукумат ширкатҳоро расман ба номи хеш ақрабо ва ё ҳатто ёру ошноҳояшон бо маслиҳати пешакӣ сабти ном мекунанд.

Михаил Петрушков, роҳбари Маркази рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, агар як нафар ба касе дигар машварат карда, ширкатро ба номи ӯ сабт кунад, ошкор кардани он хеле душвор аст: "Бинобар ин масъалаи моликии воқеии ширкат кист, ҳанӯз мубрам боқӣ мемонад, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ҳатто Амрико ва кишварҳои Ғарб низ. Дар он ҷо разведкаи молиявӣ ба ошкор кардани моликони воқеии ширкатҳо машғул аст".

Ба гуфтаи Петрушев, як омили дигаре, ки ширкатҳо дар Тоҷикистон ба номи моликони воқеӣ сабт намешавад, маҳдудият дар қонунҳост.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳанӯз муқаррароти "Қонун дар бораи шароити кори муштарак..." аз соли 1998 амал мекунад, ки намегузорад як шахс дар як вақт молики ду ва ё зиёд ширкат бошад.

Екатерина Рижанка, як масъули созмони Шаффофияти Байналмиллал – Transperency International гуфт, маълуму ошкор будани моликии воқеии ширкатҳо хеле муҳим аст, дар ғайри сурат ин барои сар задани коррупсия боис мешавад.

"Дар ҳар куҷое, ки шаффофият набошад, онҷо барои коррупсия замина ба вуҷуд меояд. Масалан, вақте мо намедонем, ки молики ширкат кист, вале ин ширкат дар тендерҳои давлатӣ ғолиб меояд, шубҳабаранез аст. Чун ин ширкат метавонад дар асл моли мансабдорони алоҳидае бошад, ки дар гузаронидани тендер масъуланд ва албатта ба ширкати худ дар он бартарӣ медиҳанд", - гуфт Екатерина Рижанка.

Дар Тоҷикистон сарватмандон кушиш мекунанд, ки аз чашми ҷомеа пинҳон монанд. Дар соли 2008 матбуоти тоҷик аз ҷумла нашрияи "Факты и комментарии" рӯйхати 100 нафар афроди доро ва нерӯманди Тоҷикистонро нашр карда буд.

Аммо 10 сол инҷониб матбуот аз бурдани доротарин афроди Тоҷикистон бинобар набуди маълумот худдорӣ меварзад. Танҳо ин маълум аст, ки доротарин афроди Тоҷикистонро шахсони наздик ба хонаводаи рақами як ва афроди наздик ба ҳукумат ташкил медиҳанд.

Вожаи "Оффшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд.

Бузургтарин манотиқи оффшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи оффшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кӯмак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.

XS
SM
MD
LG