Ссылки доступа

Трамп дар паёми телевизионияш ба бунёди девор дар марз бо Мексика даъват кард


Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нахустин паёми имсолаи телевизионии худ вазъи ба вуҷуд омада дар марзи Амрико ва Мексикаро буҳрони ҷиддии башарӣ номид.

Ӯ аз қонунгузорҳои амрикоӣ даъват кард, сармоягузории бунёди деворро дар марз бо Мексика таъмин кунанд.

Президенти ИМА исрор дорад, барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марз бо Мексика девор бунёд карда шавад. Трамп мегӯяд, садҳо амрикоӣ қурбони муҳоҷироне шудаанд, ки ғайриқонунӣ ба ИМА ворид гаштаанд.

Трамп рақибони худ – демократҳоро, ки зидди бунёди деворанд, дар риёкорӣ айбдор карда, аз онҳо пурсид, ки чаро дар атрофи хонаҳои худ девор бунёд кардаанд? "На барои он ки шахсони дар пушти девор бударо бад мебинанд. Барои он девор кардаанд, ки шахсони дар дохил бударо дӯст медоранд", - изҳор дошт Трамп.

Пештар Трамп аз Конгресс хост, барои бунёди девор 5,7 миллиард доллар ҷудо кунад. Вале демократҳои Конгресс ин тарҳро рад карданд. Дар натиҷа фаъолияти баъзе аз муассисаҳои давлатӣ қатъ шуда, вазъи ба истилоҳ "шатдаун" ҳафтаи севум аст, идома дорад.

Маъмурияти президенти ИМА эъломи ҳолати изтирориро аз эҳтимол дур надонист. Ин ба Трамп имкон медод, ки бидуни қабули тарҳ бунёди деворро оғоз кунад. Вале президенти ИМА аз фикри худ баргашта, ба воситаи муроҷиати Кохи сафед мехоҳад, назари ҷомеаро ба ҷониби худ ҷалб кунад. Дар ҳоли ҳозир, бар асоси назарсанҷиҳо, аксарияти амрикоиҳо ба тарҳи бунёди девор бо шубҳа менигаранд.

Раҳбари Палатаи намояндагон Нэнси Пелосӣ ва раиси ақалиятҳои демократи Сенат Чак Шумер президентро айбдор карданд, ки мехоҳад, миллиардҳо долларро ба бунёди девори нодаркор сарф кунад ва миллионҳо хидматчии давлатиро, ки ҳоло бемаош мондаанд, асири идеияи худ гардондааст. Раҳбарони демократҳо изҳороти Трампро дар бораи буҳрон дар марзи ҷанубии кишвари худ рад карданд.

Тарҳи бунёди девор дар марзи ИМА бо Мексика яке аз ваъдаҳои асосии Доналд Трамп дар маъракаҳои интихоботияш буд. Он замон ӯ таъкид мекард, ки пули деворро аз Мексика меситонад, вале мақомоти ин кишвар онро рад карданд.

XS
SM
MD
LG