Сухангӯи Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон Элеонора Сабатарова гуфт, "барои идомаи табобат ниёзе набуд, бинобар ин, ӯро ба зиндон интиқол доданд ва боқии муҳлати ҷазои худро дар онҷо адо мекунад".
Дар Қирғизистон ду моҳ аст, аз мақомот даъват мешавад,Текебоевро, ки аз ӯ қурбонии таъқибҳои сиёсии ҳукумати пешин ном мебаранд, афв кунанд. Ҳамчунин хабар доданд, ки гӯиё президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Текебоев занг зада, 60-солагиашро табрик гуфтааст.
Раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Ота-Макон" Алмамбет Шикмаматов мегӯяд, баъди интиқоли Текебоев аз беморхона ба зиндон умедҳо барои раҳоии ӯ камтар шуданд.
Раиси Ҳизби "Ота-Макон" ва вакили пешини порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев моҳи феврали соли 2017 дастгир ва бо ҷурми фасодкорӣ зиндонӣ шуд. Ҳамроҳи вай сафири пешини Қирғизистон дар Куриёи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотоновро низ зиндонӣ карданд.
Президент Ҷеенбеков 19 декабри сои гузашта дар нишасти хабарии худ гуфт, ҳақ надорад ба қазияи Текебоев дахолат кунад, вале агар худи сиёсатмадори зиндонӣ дархост кунад, ӯро афв хоҳад кард.