Ссылки доступа

Президенти Туркманистон дастур дод, маҷмуаи зарбулмасалҳои дар бораи кишоварзӣ нашр шавад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, "суханҳои ҳикматноки гузаштагон, ки миёни мардум маҳфуз мондаанд", ҷамъоварӣ ва дар шакли маҷмуа нашр шавад.

Дастури Бердимуҳаммадов дар як ҷаласае марбут ба баррасии бахши кишоварзӣ садо дод. Президенти Туркманистон дар он ҷаласа гуфт "анъанаҳои миллии кишоварзӣ" рушд дода шаванд.

"Президент ба ноиб-сарвазир супориш дод, ки суханҳои ҳикматнок ҷамъоварӣ ва дар шакли маҷмуа нашр шаванд", - хабар доданд расонаҳои Туркманистон.

Президенти Туркманистон дар паёми солинавиаш, бо такя ба боварҳои мардумӣ, ваъдаи фаровонии ҳосили кишоварзиро дар соли 2019 дод.

XS
SM
MD
LG