Ссылки доступа

Издиҳом ва навбатпоии ӯзбекистониҳо барои гирифтани шиносномаҳои нави хориҷӣ


Дар Ӯзбекистон нашри шиносномаҳои нави хориҷӣ бо издиҳому навбатпоӣ шуруъ шуд. Пушти дари шуъбаҳои муҳоҷират ва шиносномадиҳӣ дар саросари он кишвар навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шиносномаҳои нави хориҷӣ дар 11 ноҳияи Тошканд аз 4 январ ва дар дигар вилоятҳои Ӯзбекистон аз 7 январ шуруъ шуд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки мехоҳанд, аз ибтидои соли ҷорӣ ба хориҷ раванд, бояд шиносномаи нави хориҷӣ дошта бошанд. Пештар аз ин шаҳрвандони Ӯзбекистон танҳо як навъ шиноснома доштанд ва барои ба хориҷ рафтан аз мизҳои шиносномадиҳӣ рухсатнома мегирифтанд.

Раёсатҳои муҳоҷират ва сабти шаҳрвандон тақрибан дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳ ҳастанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз саросари Ӯзбекистон аксҳои навбатпоӣ пушти дар ин идораҳоро нашр мекунанд.

"Субҳ соати 6 мо барои гирифтани шиноснома омадем, дар рӯйхати навбатпоӣ дар ҷойи 169 сабт шудем. 70 кас талон гирифтанд ва ба боқимондаҳо гуфтанд, ки фардо биоед. Бархеҳо пушти дари ин идораҳо шабро рӯз мекунанд", - гуфт сокини Самарқанд Баҳрулло Орипов.

XS
SM
MD
LG