Ссылки доступа

Шиносномаи Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 80-умро гирифт


Тоҷикистон дар раддабандии шиносномаҳо, ки ширкати консалтингии Henley & Partners аноҷм дод, дар мақоми 80 қарор гирифт. Шаҳрвандони он метавонанд, бидуни раводид (виза) ба 58 кишвари дунё сафар кунанд.

Дар ин пажуҳиш ҷойи аввалро Ҷопон гирифт, ки шиносномааш бе ягон раводид дари 190 кишварро боз мекунад.

Мақоми дувумро Сингапур ва Куриёи Ҷанубӣ касб кардаанд. Соҳибони шиносномаҳои ду давлат бидуни раводид ба 189 кишвар сафар хоҳанд кард. Дар мақоми севум Олмон ва Фаронса қарор доранд, ки барои сафари шаҳрвандони онҳо ба 188 кишвари дунё раводид лозим нест. Раддабандии Henley & Partners аз 104 зина иборат аст.

Дар раддабандӣ дар маҳдудаи пасошӯравӣ кишварҳои Балтик пешсафанд.

  • Литва ва Латвия мақоми 11-умро касб кардаанд. Шаҳрвандони онҳо метавонанд, бе раводид аз 180 кишвар дидан кунанд. Эстония, ки шаҳрвандони он бидуни виза ба 179 кишвар сафар мекунанд, дар мақоми 12-ум қарор гирифтааст.
  • Соҳибони шиносномаи украинӣ метавонанд бидуни раводид ба 128 кишвар сафар кунанд. Украина дар раддабандӣ дар мақоми 41-ум қарор дода шудааст.
  • Шаҳрвандони Молдова, ки мақоми 46-уми раддабандиро касб кардааст, бидуни раводид ба 122 кишвар сафар мекунанд.
  • Русия дар мақоми 48-ум аст. Шаҳрвандони он метавонанд, бе раводид ба 119 кишвар сафар кунанд.
  • Мақоми 51-уми раддабандиро Гурҷистон касб кардааст, ки шаҳрвандони он бе раводид аз 114 кишвар боздид хоҳанд кард.
  • Соҳибони шиносномаи Белорус бе раводид аз 77 давлат дидан карда, худи кишвар дар мақоми 66-ум қарор дода шудааст.
  • Қазоқистон дар мақоми 65 қарор дошта, шаҳрвандони он аз 76 кишвар бидуни раводид боздид мекунанд.
  • Шаҳрвандони Қирғизистон бидуни раводид метавонанд, ба 64 кишвар сафар кунанд. Ин кишвар мақоми 76-умро касб кардааст.
  • Арманистон дар мақоми 79-ум қарор дошта, барои сафари шаҳрвандони он ба 61 кишвар дарёфти раводид лозим нест.
  • Ӯзбекистону Тоҷикистон дар зинаи 80-ум қарор гирифта, шаҳрвандони онҳо бе раводид ба 58 кишвари дунё сафар мекунанд.
  • Туркманистон раддаи 85-умро касб кардааст. Туркманистониҳо метавонанд бидуни раводид ба 53 сафар кунанд.

Шаҳрвандони Ироқу Афғонистон бе раводид метавонанд, танҳо ба 30 кишвар сафар кунанд.

Ба гуфтаи масъулони Henley & Partners, шохиси онҳо дар таърихи раддабандии байналмилалии кишварҳо аз рӯи озодии равуои шаҳрвандон нахустин раддабандиест, ки муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми кишварҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Сар аз соли 2018 раддабандии шиносномаҳо дар як сол чанбор нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG