Ссылки доступа

Остона: ба ду ҳазор қазоқтабор иҷозаи хуруҷ аз Шинҷон дода шуд


Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки Пекин ба бештар аз ду ҳазор қазоқтабор иҷозаи хуруҷ аз минтақаи Шинҷони Чинро додааст.

Мақомоти Шинҷон пештар аз ин маъракаи густардаеро бо ҳадафи бозтарбия шуруъ карданд. Дар урдугоҳҳои бозтарбия, ки Пекин онҳоро "марказҳои бозомӯзии касбӣ" унвон мекунад, бештар аз як миллион одам нигаҳ дошта мешаванд.

Онҳое, ки муддате дар ин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ шудаанд, гуфтанд, баъди боздошт ва интиқол ба урдугоҳҳо аз онҳо талаб шудааст, аз фарҳанг ва дидгоҳҳои мазҳабии худ даст кашанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар як изҳороте, ки 9 январ нашр кард, иттилои расонаҳоро дар бораи иҷозаи хуруҷи бештар аз 2 ҳазор қазоқтабор аз Чин тасдиқ кард. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, онҳо метавонанд, ба маҳзи вориди Қазоқистон шудан, барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.

«Тарона, рақс, ханда». Чин расонаҳоро ба "урдугоҳҳо" бурд:

XS
SM
MD
LG