Ссылки доступа

Демократҳо: "Трамп мушт ба миз зад ва ҷаласаро тарк кард"


Доналд Трамп, президенти Амрико мегӯяд, рӯзи чаҳоршанбеи 9-уми январ мулоқот бо сенатор Чак Шумер ва Ненси Пелосӣ, раҳбарони демократҳо дар Конгрессро ниматамом гузошта ва ба нишони эътироз онро тарк кардааст.

Ин ҷаласа ба хотири дигарбора фаъол кардани бахшҳое аз ҳукумат ва баррасии бунёди девори марзӣ ташкил шуда буд.

Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навишт, "ҳамин ҳоло ҷаласа бо Чак Шумер ва Ненси Пелосиро тарк кардам. Комилан зоеъ кардани вақт буд. Ман пурсидам, агар ман бисёр зуд ҳама роҳҳоро боз кунам, дар 30 рӯзи оянда шумо тарҳи амнияти марзиро бо шумили бунёди девори пӯлодӣ дар марз тасвиб хоҳед кард? Ненсӣ гуфт, не. Ман ҳам гуфтам, Худо ҳофиз. Ҳеҷ чизи дигаре кор нахоҳад дод".

Нишасти Доналд Трамп ва раҳбарони демократҳо дар Конгресси Амрико дар нуздаҳумин рӯзи қатъи фаъолияти бахшҳое аз ҳукумати федеролии Амрико баргузор шуд. Фаъолияти бахшҳое аз ҳукумати Амрико пас аз он, ки ду ҳизб -- ҷумҳурихоҳ ва демократ дар Сенат дар бораи таъмини беш аз 5 миллиард доллари талабкардаи Доналд Трамп барои сохтани девор дар марзи ИМА ва Мексика ба натиҷа нарасиданд, аз 21-уми декабр қатъ шуд ва гуфта мешавад, ин мушкили пешомада боис шудааст то 800 ҳазор корманди ҳукумат ба кор ҳозир нашаванд ё маош нагиранд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони демократҳо пас аз хуруҷ аз ҷаласаи ниматамом бо раиси ҷумҳури Амрико, аз амалкарди вай дар ин нишаст, интиқод карданд. Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, гуфт, Трамп мегӯяд, ё роҳи ман ё ҳеҷ чӣ, ва имконе барои мусолиҳа боқӣ намегузорад. Вай ба хабарнигорон гуфтааст, "фазои Кохи Сафед бисёр сард аст".

Сенатор Чак Шумер, раҳбари ақалияти демократҳо дар Сенат ҳам ба хабарнигорон гуфт, Трамп замоне нишастро тарк кард, ки Пелосӣ гуфт, ҳеҷ будҷае барои бунёди девори Мексика тасвиб нахоҳад шуд. Шумер гуфт, "ӯ аз Пелосӣ пурсид, оё бо тарҳи девори ман мувофиқат мекунед? Вақте Пелосӣ гуфт, на, ӯ бархост ва гуфт, "пас дигар далеле барои ин музокирот боқӣ намондааст ва утоқро тарк кард."

Сенатор Шумер ҳамчунин афзуд, Трамп пеш аз тарки утоқи ҷаласа, "рӯи миз кӯбидааст", аммо яке аз раҳбарони ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, касе рӯи миз накӯбидааст. Чак Шумер дар идома гуфтааст, "ин ғамангез ва ҷои таассуф аст. Мо мехоҳем ба тавофуқ бирасем. Мо ба амнияти марзӣ бовар дорем. Аммо ихтилофи назар дорем."

Доналд Трамп шаби гузашта дар як суханронии зиндаи телевизионӣ бори дигар аз намояндагони Конгресс хост будҷаи 5,7 миллиарддолларӣ барои бунёди девор дар марз бо Мексикаро таъйид кунанд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки марзҳои ҷанубӣ бо "бӯҳронҳои рӯ ба афзоиши инсонӣ ва амниятӣ рӯбарӯ" ҳастанд. Бунёди девор дар марзи Мексика аз ҷумлаи ваъдаҳои муҳими интихоботии Доналд Трамп дар рақобатҳои интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико буд.

XS
SM
MD
LG