Ссылки доступа

Пешниҳоди ҳазорҳо доллар барои як лонаи хаффош дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекӣ


Дар Ӯзбекистон ҳомиёни муҳити зист бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, баъзе аз афрод ба суханҳои ҳаннотон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки "лонаи хаффош ё кӯршапаракро чанд ҳазор доллар мехаранд", дода шуда, макони зисти онҳоро маҳв мекунанд.

Дар бахшҳои ӯзбекии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло баҳсҳое идома доранд, ки гӯиё бо дарёфти лонаи хаффош метавон даромади ҳангуфте ба даст овард ва бархеҳо як тои онро аз 5 то 10 ҳазор доллар мехаранд.

Баъзеҳо ба ин гуфтаҳо бовар карда, ба ҷӯстуҷӯи лонаи кӯршапаракҳо пардохтаанд. Онҳое, ки пайдо кардаанд, лонаҳоро аксу навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.

Фаъоли ташкилоти ҳомии ҳайвонҳои "Сайёраи зинда" дар шаҳри Тошканд Анастасия Ташилова аз маҳви лонаҳои кӯршапаракҳо изҳори нигаронӣ дорад. "Одамон ба ин гуфтаҳои беасос бовар карда, лонаҳои кӯршапаракҳоро вайрон мекунанд. Ба онҳо бовар накунед. Ин идеяи ҳаннотон ва фиребгарон аст", - мегӯяд Ташилова.

Бархе аз корбарони ӯзбек мегӯянд, аз лонаи кӯршапарак барои табобати бемории саратон дору истеҳсол мешавад. Аммо дар ин бора иттилои муътамаде рӯи даст нест.

XS
SM
MD
LG