Ссылки доступа

Моҳвораи зиддимушакии Русия дар фазо оташ гирифт


Моҳвораи "Космос-2430"-и Русия, ки шомили низоми огоҳисозии ҳамлаи мушакии "Око" буд, дар фазо оташ гирифт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Фармондеҳии мудофиавии фазоии Амрикои Шимолӣ (NORAD) иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои NORAD, моҳвора аз мадор берун шуда, "маҳв гардидааст". Қисматҳои оташнагирифтаи он мумкин аст, рӯзи 5 январ дар минтақаи ҷанубии уқёнуси Ором расида бошанд.

Рӯзи якшанбеи 6 январ Radio New Zealand дар сомонааш навишт, ки дар ҷазираи Шимолии Зеландияи Нав давоми чанд дақиқа сӯхтани ашёе дар осмон мушоҳида шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои сӯхтани ашёро дар интернет нашр карданд.

"Космос - 2430" 23 октябри соли 2007 ба мадор расонида шуда буд. Ин моҳвора то соли 2012 дар хизмат буд.

Дар ҳоли ҳозир Русия низоми нави мудофиавии кайҳониро роҳандозӣ мекунад. Ин моҳвораи "Тундра" аст, ки нахустин намунааш соли 2015 ба мадори замин бароварда шуда буд.

XS
SM
MD
LG