Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон муҷозоти мардҳо бозори танфурӯшонро касод кард


Нархи хадамоти танфурӯшон дар Тоҷикистон ҳудуди 25-30 дарсад арзон шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, нархи хизматрасонии танфурӯшон ва ё ба истилоҳ "кормандони секс" дар натиҷаи сахттар шудани ҷазо барои мардон ва коҳиш ёфтани талабот ба чунин хадамот, коҳиш ёфтааст.

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии "Шоҳ ойим" дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки шароити кору зиндагии кормандони сексро аз ҷумла дар Тоҷикистон мушоҳида мекунад, муайян кардааст, ки нархи хадамоти шаҳвонӣ дар кишвар дар муқоиса бо чанд соли қабл хеле поин омадааст. Ин хулоса дар натиҷаи суҳбат бо даҳҳо нафар аз танфурӯшон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Дар эътилофи созмонҳои ғайридавлатии "Шоҳ ойим" рӯзи 10-уми январ гуфтанд, нархи хизматрасонии занони танфурӯш дар Тоҷикистон вобаста ба макони зисти онҳо ва сину солашон, хеле аз ҳам фарқ мекунад.

"Нархи хадамоти шаҳвонӣ дар шаҳрҳо назар ба деҳот ба маротиб гаронтар аст. Фарқи бештар дар нарх вобаста ба сину соли онҳо аст. Ба ҳисоби миёна агар нархи хизмати як хуфту хез бо танфурӯш қаблан аз 50 то 80 сомонӣ буд, ҳоло то ба 30-35 сомонӣ арзон шудааст", - иброз доштанд дар ин созмон.

Фарангис, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе, ки ба гуфтааш гоҳе аз роҳи танфурӯшӣ пул ба даст меорад, гуфт, мардон ҳоло хеле эҳтиёткор шудаанд, чун бисёре аз маконҳои хилват "хатарнок ҳастанд".

"Чун метавонад зери назорати милисаҳо бошад ва онҳо метавонанд ба чунин хонаҳои иҷора омада, ошкор ва ба навор гирифта шаванд", - шарҳ дод ӯ. Фарангис мегӯяд, аз ин рӯ, хеле кам аз мардоне ба чунин риск мераванд ва албатта нархи хадамоти шаҳвонӣ камтар шудааст.

Бино ба иттилои манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2018 ҳудуди шаш ҳазор зан ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт шудаанд. Аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

XS
SM
MD
LG