Ссылки доступа

Трамп ба далели "шатдаун" ба форуми Давос намеравад


Президенти ИМА Доналд Трамп сафари худро ба Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Давос бекор кард.

Трамп дар ин бора дар Твиттер хабар дода, сабаби лағви сафарашро ихтилофи назари худ бо аксарияти демократҳо дар Конгресс роҷеъ ба бунёди девор дар марз бо Мексика номид.

"Ба далели мавқеи ғайри қобили қабули демократҳо дар робита ба амнияти марзҳо сафари хеле муҳими худро ба Давос бекор мекунам", - навишт Трамп дар Твиттер. Ӯ ҳамчунин барои лағви сафараш аз созмондиҳандагони форум узр пурсид.

Пештар президенти ИМА аз Конгресс хост, барои бунёди девор дар марз бо Мексика беш аз 5 миллиард доллар ҷудо кунад. Вале аксарияти демократҳо дар Конгресс онро рад карданд. Дар натиҷа фаъолияти як қисми идораҳои давлатӣ қатъ шуда, аз 22 декабр ҳудуди 800 ҳазор хидматчии давлатӣ бе маош монданд. Ба иттилои Bloomberg, ҳаҷми истеҳсолот дар ин кишвар ҳар ду ҳафта 0,1 дарсад поин хоҳад рафт.

Трамп 10 январ бори дигар изҳор дошт, ки агар масъалаи бунёди девор ҳал нашавад, эҳтимол аст, дар кишвараш ҳолати изтирорӣ эълом кунад.

XS
SM
MD
LG