Ссылки доступа

Дар Қазоқистон гумонбари парвандаи пурсарусадои "таҷовузи писарбача" 7 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Туркистони Қазоқистон наврасеро, ки дар анҷоми "амалҳои зуроварии ҷинсӣ нисбати як писарбача аз деҳаи Абай" гумонбар буд, айбдор эълом ва 7 сол зиндонӣ кард. Баррасии ин парванда пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Соли таваллуди гумонбар 2002 аст ва ному насабаш ифшо намешавад. Наздикони айбдоршаванда 10 январ гуфтанд, ки додситонӣ барои ӯ 7 соли зиндонро талаб кардааст. Додгоҳ наврасро бар пояи банди "Амалҳои зуроварии ҷинсӣ нисбати ноболиғ" айбдор донист.

Парвандаи ҷиноӣ зидди се гумонбари дигар ба далели поин будани синнашон қатъ шудааст. Бар асоси қонунҳои Қазоқистон, ҷавонони аз 14-сола поин ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.

Дар бораи эҳтимоли таҷовуз шудани писарбачаи ноболиғ дар Абай миёнаҳои моҳи март хабар дода шуд. Сокини 60-солаи маҳаллӣ Шарифа Ботирбекова гуфт, аз моҳи августи соли гузашта ба ин сӯ, набераи ӯро борҳо латтукӯб ва таҷовуз карданд. Вале кормандони пулис, танҳо аризаи севуми вайро қабул карданд.

Ин ҳодиса баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба бор оварда, ба барканории чанд мансабдор сабаб шуд. Аз ҷумла, президенти Қазоқистон моҳи июни соли 2018 ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон Загипа Балиеваро аз мақом барканор кард.

XS
SM
MD
LG