Ссылки доступа

Дар "Ӯзметкомбинат" баъди боздоштҳои гуруҳии коргарон, дубора дуздиву исрофкорӣ ошкор шуд


Дар ҳоле, ки тирамоҳи соли гузашта шаш коргари "Ӯзметкомбинат"-и Ӯзбекистон бо айби "тасарруфи моликияти давлатӣ" зиндонӣ шуданд, ибтидои моҳи ҷорӣ намояндаи ширкати SFI Management Group аз мақом барканор шуд.

Ин ширкат "Ӯзметкомбинат"-ро мудирият мекунад.

Намояндаи Додситони кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки "имрӯзҳо" дар "Ӯзметкомбинат" (комбинати металлургии Ӯзбекистон) таҳқиқи парвандаи "тасарруфкорӣ ва дуздӣ" идома дорад.

Ба иттилои як манбаъ, ширкати SFI Management Group, ки барои берун овардани комбинат аз ҳолати буҳронӣ, идораи онро ба даст гирифта буд, натавонист вазъро тағйир диҳад.

Расонаҳои давлатии Ӯзбекистон охири моҳи августи соли 2018 хабар дода буданд, ки SFI Management Group ба миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов тааллуқ дорад.

Мудирияти "Ӯзметкомбинат" бо як қарори президенти Ӯзбекистон аз 15 сентябри соли 2017 ба ихтиёри SFI Management Group дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG