Ссылки доступа

Дар ростои то 20 соли зиндон. Сафар Исҳоқов ба фасод муттаҳам шуд


Сафар Исҳоқов, нахуствазири пешин ва яке аз тарафдорони президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ба таври ниҳоӣ бар асоси моддаи “фасод”, ки аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, муттаҳам дониста шуд.

Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар мавриди вуҷуди фасод дар бозсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкекро ба анҷом расонид. Тафтишот масъулиятро ба дӯши нахуствазири пешин Сафар Исҳоқов гузошт, ки яке аз тарафдорони наздики президенти пешин Алмосбек Отамбоев буд. Исҳоқов то таъйин шудан ба мақоми нахуствазирӣ курсии раиси Дастгоҳи президенти Қирғизистонро дар ихтиёр дошт.

Тибқи иттилоияи мақомоти вижаи Қирғизистоня як қатор мансабдорон ва шахсони дигар бо сардории нахуствазири пешин Сафар Исҳоқов, огоҳона бо истифода аз салоҳиятҳои худ бо ширкати ТВЕА шартномаи бефоида (200 миллион) бастаанд. Зарари расида аз ин корро Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон 111,3 миллион доллар ҳисоб кардааст.

Дар ин ниҳод гуфтаанд, ки моҳи феврали соли 2010 бо иштироки раҳбарони вақти Хадамоти иртиботот Исҳоқов дар ҷаласа гузинаҳои бозсозӣ (таҷдид)-и Маркази барқу гармидиҳии Бишкекро, ки Бонки Ҷаҳонӣ (150 млн. доллар) ва ширкати ТВЕА (200 млн. доллар) пешниҳод карда буданд, баррасӣ карданд.

Он замон, бар асоси натиҷаҳои ҷаласа пешниҳоди ширкати ТВЕА пазируфта шуд, ки аз ҳисоби доштани арзиши баланд ва норасоиҳои техникиву фанноварӣ ба манофеи Қирғизистон носозгор будааст.

“Дар ҳамин ҳол соли 2013 Сафар Исҳоқов, ки вазифаи мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент – баробар ба муовини роҳбари дастгоҳи прзидентро дар ихтиёр дошт, амалӣ шудани тарҳро таҳти назорати шахсии худ қарор дод. Бо мақсади ба даст овардани фоида ба ширкати ТВЕА пешниҳод кардааст, пудратчии кулли тарҳе шавад, ки 386 миллион доллар арзиш доштааст”, - гуфта мешавад дар изҳороти КДАМ.

Вакили мудофеи Сафар Исҳоқов – Нурбек Токтакунов гуфт, маводи парванда бар асоси тахминҳо таҳия шудаанд, тафтишот натавониста гуноҳи зерҳимояаашро собит кунад.

Ӯ гуфт, “ҳамаи иттиҳомот бар пояи тахминҳост. Ҳеч гуна далели шайъӣ ва ё собиткунанда наёфтанд. Масалан ҳеч гуна исботи ин ки Сафар Исҳоқов ришва ё манфиати моддӣ гирифта бошад, вуҷуд надорад. Ин ангезаҳо бояд дар чаҳорчӯби Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ исбот карда шаванд. Вале ин ҷо танҳо гап ва пиндор вуҷуд дорад”, - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG