Ссылки доступа

Аз волидони донишҷӯёни Туркманистон ҳангоми интиқоли маблағ ба хориҷ ҳуҷҷати ҷои зист талаб мекунанд


Дар бонкҳои Дашоғузи Туркманистон ҳангоми интиқоли маблағ ба суратҳисобҳои бонкии донишҷӯёне, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, ҳуҷҷати ҷои истиқомат талаб мешавад. Дар ин бора "Хроника Туркменистана" 9 январ иттилоъ дод.

"Пеш аз он ки ҳуҷҷати ҷои истиқомат диҳанд, аз сокинон талаб мекунанд, ки расидҳои пардохти ҳаққи истифодаи барқ ва насби суратҳисобкунакҳои электрониро нишон диҳанд. Талаби насби суратҳисобкунакҳои электронӣ чанд сол пеш сар зад. Агар ин гуна дастгоҳ дар манзил насб нашуда бошад, соҳиби хона аз 80 то 200 доллар ҷарима мешавад", - хабар медиҳад ин расона.

Чораҳои насби саросарии ҳисобкунакҳои барқӣ дар манзилҳо ва инчунин назорати насби онҳо тирамоҳи соли гузашта пурзуртар шуд. Он замон қарори бекор кардани имтиёзҳои иҷтимоии давлат дар мавриди истифодаи ройгони баъзе аз хизматрасониҳо бекор гардид.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳуҷҷати ҷои кор ҳангоми муроҷиат ба идораҳои гуногуни давлатӣ яке аз серталабтарин ҳуҷҷатҳост.

Дар ҳамин ҳол, бонкҳои Туркманистон ба таври мунтазам талабҳои нави маҳдудкунандаи интиқоли маблағ ба хориҷро рӯи даст мегиранд.​

Донишҷӯёни Туркманистон, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, сар аз тирамоҳи соли 2017 ба ин тараф дар дарёфти маблағ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG