Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон "рӯйхати харҷҳо"-и ситоди интихоботии Ҷеенбековро санҷиданд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки дар доираи тафтишоти пешакии "рӯйхати харҷҳо"-и ситоди пешазинтихоботии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков чанд мақомдори давлатиро бозпурсӣ кардааст.

Дар изҳороти ВКД омадааст, ки мушаххасан роҳбари ситоди марказии интихоботӣ, сардор ва кормандони ситодҳои интихоботии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бозпурсӣ шудаанд.

ВКД хабар додааст, ки "қарори ниҳоӣ" баъди бозпурсии масъули масъалаҳои молии ситоди интихоботӣ Нодира Сатигул қизӣ қабул мешавад. Дар изҳороти ВКД гуфта шудааст, ки Сатигул қизӣ ба маҳзи ба Қирғизистон баргаштанаш бозпурсӣ хоҳад шуд.

Ахиран намояндаҳои расмии ҳизби ҳокими Сотсиал-демократии Қирғизистон гуфтанд, раиси ҳизб Алмосбек Отамбоев ба Нодира Сатигул қизӣ машварат додааст, ки муваққатан ба хориҷ равад.

Тафтиши харҷҳои интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков баъди он шуруъ шуд, ки ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ Нурбек Токтакунов 15 ноябр ҳуҷҷатҳои марбут ба интихоботи соли 2017-ро нашр кард. Дар ҳуҷҷатҳо навишта шудааст, ки ситоди интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков маблағи ба маротиб бештар аз онеро харҷ кардааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ нишон дода шудааст.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои нашркардаи ҳомии ҳуқуқ, ситоди Ҷеенбеков 1,1 миллиард сом ва 6,8 миллион доллар харҷ доштааст. Вале дар ҳисоботи комисияи марказии интихоботӣ харҷи ситоди Ҷеенбеков 158 миллион сом нишон дода шудааст.

XS
SM
MD
LG