Ссылки доступа

Вазорати молияи ИМА тасмими бекор кардани таҳримҳои зидди ширкатҳои Дерипаскаро тасдиқ кард


Вашингтон тасмим дорад, ширкатҳои En+, "Русал" ва "Евросибэнерго"-и тоҷир Олег Дерипаскаро аз рӯйхати таҳримро берун орад.

Дар ин бора вазири молияи ИМА Стивен Мнучин хабар дод.

Вай гуфт, вазорати молияи Амрико иҷросозии уҳдадориҳои ширкатҳои Русияро ҷиддан назорат мекунад. Агар онҳо шартҳоро иҷро накунанд, пас нисбаташон дубора таҳрим ҷорӣ мешавад.

Мнучин ҳамчунин шарҳ дод, ки таҳримҳои нисбати Дерипаска эълоншуда бекор намешаванд.

ИМА нисбати Дерипаска ва ширкатҳояш моҳи апрели соли гузашта таҳрим ҷорӣ карда буд. Қонунгузорони Амрико гуфтанд, ин тоҷир бо Кремл иртибот дорад. Баъдтар дар Вашингтон гуфтанд, омодаанд, ки бекор кардани таҳримҳоро баррасӣ кунанд.

Намояндагони ҳафт кумитаи Конгресси ИМА рӯзи 9 январ даъват карданд, ки таҳримҳо бекор ва шартҳои таҳрим зидди ширкатҳои Русия бозбинӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG