Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи интернетии китоб - “Kitobz” фаъол шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 10 январи соли 2019. Боздошти тоҷики муттаҳам бо даҳшатафканӣ дар Сурия, рухсатии бемузди кормандони "Тоҷик Эйр", ҷустуҷӯйи модар аз сӯи зане, ки дар думоҳагӣ ба ятимхона супурда шудааст, касодшавии бозори танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ва матолиби дигар. (видео)

Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи интернетии китоб - “Kitobz” фаъол шуд. Бо ворид шудан ба саҳифаи “Kitobz” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram дилхоҳ китобро метавон фармоиш дод. Ҳамчунин бар ивази 5 сомонӣ китоби фармоиширо дар ҳудуди Душанбе ба шумо хоҳанд расонд. (видео)

- Мақомот мегӯянд, ки аз нашри китобҳои пастсифат ҷилавгирӣ кардаанд. (видео)

- Ҳукумат ба табибони силшинос имтиёзҳои нав дод. (видео)

- "Тоҷик Эйр" кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Масъулони "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст (видео)

- Духтаре, ки дар таваллудхона аз баҳраш гузаштанд, модарашро меҷӯяд. Як духтари тоҷик, ки солҳои ҷанги дохилӣ модараш баъди таваллуд аз ӯ даст кашида дар шифохона гузошта рафтааст, аз мардум мехоҳад, дар пайдо кардани модар ба ӯ кумак кунанд (видео)

- Трамп бори дигар гуфт, эҳтимол аст, ҳолати изтирориро эълом кунад. (видео аз Директ)

- Осиё: Қирғизистон даъват дорад, ба таблиғоти зиддичинӣ эътимод карда нашавад. Дар Қазоқистон ҳомии ҳуқуқ қурбониёни таҷовузро кумак мекунад. Роҳбарияти Қирғизистон даъват кард, бо ҳамсояҳо дӯстӣ ва ба таблиғоти зиддичинӣ эътимод баста нашавад (видеои Настоящее время)

- "Мо ҳаммаслакони қотилонро медонем ва далелҳоро исботшуда меҳисобем": Ходорковский — дар бораи далелҳои куштори хабарнигорон дар Африқо(видеои Настоящее время)

- Аз Сурия баргаштагон. Ҷузъиёти нав. Мақомоти Қазоқистон иртибот доштани 47 шаҳрванди ин кишварро ба гуруҳҳои террористӣ месанҷанд. 47 шаҳрванди ин кишвар чанде пеш аз Сурия ба Қазоқистон баргаштанд (Видео)

- Дмитрий Тужанский: оташзании Маркази фарҳангии Маҷористон ҳангомаи Кремл аст. Муфаттишони Лаҳистон оташзании Маркази фарҳангии Маҷористонро дар Украина дар моҳи феврали соли 2018 теракт номиданд. Дар курсии айбдорӣ ду лаҳистонӣ ва як олмонӣ нишастаанд. Сиёсатшинос Дмитрий Тужанский аз Ужгород мегӯяд, ҳодисаи оташзанӣ ҳангомаест, ки пушти он Кремл меистад. (видеои Настоящее время)

- Як навор дар 30 сония: аз президенти Туркманистон ёдовар шуданро дар нашри хабарҳо мешуморем (видео)

- Шикмаматов: Отамбоев интиқомҷӯии тасвирнашаванда дорад (видео)

- Аз Нуршашкан ба Нур-Алатау. Дар Алмато топонимҳои "Нур" афзоиш меёбанд(видео)

- Масҷидҳои Қрим: Қодир Ҷомӣ ‒ ганҷинае дар ҷодаи «Таврида» (нигористон)

- Шаҳрдори Остона маоши ҳадди миёнаро дар пойтахти Қазоқистон эълом кард(видео)

- "Ё маош ё нафақа". Чи гуна пешниҳоди вакили порлумон қудратиҳои Қирғизистонро хашмгин кард. Хидматчиёни ҳарбии Қирғизистон талаб доранд, ки ба онҳо ҳам нафақа ва ҳам маош дода шавад. Пештар вакили порлумони Қирғизистон Таабалдӣ Тиллоев пешниҳод кард, ки ба низомиён ва кормандони ниҳодҳои қудративу судии кишвараш, ки ба синни нафақа расидаанд, танҳо маош ё нафақапулӣ пардохт шавад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG