Ссылки доступа

Дипломати қазоқ аз сафараш ба урдугоҳҳои Шинҷон нақл кард


Донишҷӯёни "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ"-и Шинҷони Чин дар суҳбат бо мушовири сафири Қазоқистон дар Чин Манарбек Кабазиев шароити урдугоҳҳоро таъриф карданд.

"Шароитеро ки ҳукумати Чин барои донишҷӯён муҳайё кардааст, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳукумати Чин ҷиддан дар ғами шаҳрвандонаш аст. Маҳз ҳукумати Чин, ҳукумати Шинҷон ба шаҳрвандон имконият фароҳам овардаанд, ки онҳо касби нав омӯзанд", - гуфт Кабазиев дар суҳбат бо расонаҳо баъди боздид аз Шинҷон. Ин боздид рӯзҳои 28-30 декабри соли 2018 сурат гирифтааст.

Советник посла Казахстана в Китае Манарбек Кабазиев дает интервью CCTV.
Советник посла Казахстана в Китае Манарбек Кабазиев дает интервью CCTV.

Муҳаммад Хосни Шахиран Исмоил, намояндаи сафорати Малайзия дар Чин гуфт, "пештар бо хондани расонаҳо дар бораи муассисаҳои Шинҷон фикри дигар дошт". "Ҳоло зиндагии воқеии марказро мушоҳида кардам", - гуфт вай.

Инро ҳам бубинед: "Зиндагӣ дар ин ҷо хуб ва роҳат аст"

«Здесь комфортно и хорошо». Вояж 12 дипломатов в Синьцзян
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:40 0:00

Хабаргузории Reuters менависад, сафирони 12 давлат дар Шинҷон аз бозорҳо, масҷидҳо ва муассисаҳои таълимӣ дидан кардаанд.

Советник посла Казахстана в Китае Манарбек Кабазиев в «лагере политического перевоспитания».
Советник посла Казахстана в Китае Манарбек Кабазиев в «лагере политического перевоспитания».

Дар ҳамин ҳол Чин дипломатҳои кишварҳои Ғарб ва намояндагони созмонҳои байналхалқиро дар ин сафар ҳамроҳ накард.

Созмони байналхалқии Human Rights Watch баъди сафари дипломатҳо ба Шинҷон изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки сафари дипломатҳо аз сӯи мақомоти Чин шадидан назорат шуд.

«Песни, танцы, смех». Китай организовал визит СМИ в «лагеря»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:10 0:00

Як дархости дигари озодсозии наздикон аз Шинҷон:

Еще одна просьба спасти родных в Синьцзяне
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:52 0:00

XS
SM
MD
LG