Ссылки доступа

Исроил зарбаҳои ҳавоиро ба фурудгоҳи Димишқ тасдиқ кард


Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу тасдиқ кард, ки тайи рӯзҳои ахир нирӯҳои кишвараш дар ҳудуди Сурия чанд зарбаи ҳавоӣ анҷом доданд.

"Тайи 36 соати ахир нирӯҳои ҳавоии Исроил анборҳои фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Димишқро ҳадаф қарор доданд, ки дар онҳо силоҳҳои эронӣ нигаҳдорӣ мешуд", - гуфт.

Расонаҳои расмии Сурия 11 январ хабар доданд, ки ҳавопаймоҳои низомии Исроил ба ҷониби Димишқ чанд мушак партоб карданд. Ба иттилои SANA, бештари ин мушакҳо дар осмон маҳв шуда, танҳо якеашон ба анбори фурудгоҳи пойтахти Сурия афтидааст.

Натаняҳу дар паёми телевизионии худ гуфт, дар натиҷаи "садҳо" ҳамлаи Исроил аз "дахолати низомии Эрон пешгирӣ карда шуд". "Мо омодаем, зидди Эрон дар Сурия бархезем", - афзуд ӯ.

Изҳороти Натаняҳу ишораи Тел-Авив бар он аст, ки нирӯҳои низомии Исроил дар Сурия фаъоланд. Эрон, Русия ва "Ҳизбулоҳ"-и шиаи Лубнон дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурия аз оғози саркӯби эътирозгарон дар моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ режими президент Башор Асадро дастгирӣ мекунанд.

Дар натиҷаи ҷангҳои Сурия беш аз 400 ҳазор одам ҷон бохта, миллионҳо сокини дигар гуреза ва бештари маконҳои таърихии ин кишвар тахриб шуданд.

XS
SM
MD
LG