Ссылки доступа

Зидди омӯзгори қазоқ баъди нашри видеои латтукӯби донишомӯз парвандаи ҷиноӣ боз шуд


Дар Қазоқистон зидди омӯзгори тарбияи ҷисмонии коллеҷи шаҳри Жаркенти вилояти Алмато пас аз нашри навори латтукӯби як донишомӯз парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Наворе, ки дар Интернет нашр шуд, нишон медиҳад, марде дар либоси варзишӣ дар синфхона як донишомӯзро латукӯб карда, дашном медиҳад.

Сухангӯи раиси вилоят Галимурод Жукел гуфт, ин ҳодиса 10 январ дар коллеҷи бисёрсоҳагии Жаркент рух додааст. "Омӯзгор аз мақом барканор шуда, зиддаш бар пояи банди "Иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар мавриди тарбияи ноболиғон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - афзуд Жукел.

Вазорати маорифи Қазоқистон ҳамзамон видиеои дигареро шарҳ дод, ки нишон медиҳад, омӯзгори таёрии ҳарбӣ бар сари донишомӯзон дод зада, онҳоро дашном медиҳад.

"Омӯзгори ҳарбии коллеҷи техникии “Прогресс” донишомӯзони соли таваллудашон 2002-умро дашном дода, онҳоро таҳти фишори равонӣ қарор додааст", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

XS
SM
MD
LG