Ссылки доступа

Мақоми аввали Ӯзбекистон дар раддабандии маргу мири сокинон ба иллати ғизои нодуруст


Донишмандонди Донишгоҳи Йена ба номи Фридрих Шиллер раддабандии кишварҳоро аз рӯи маргу мири шаҳрвандонашон ба иллати ғизои нодуруст тартиб додаанд, ки Ӯзбекистон бо нишондоди аз ҳама баланд дар мақоми аввал қарор дорад.

Бар асоси натиҷаҳои пажӯҳиш, ки нишондодҳои аз соли 1990 то соли 2016-ро дар бар мегирад, дар Ӯзбекистон бар сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 394 қурбонии ғизои нодуруст рост меояд.

Дар раддабандӣ кишварҳои пасошӯравӣ 11 раддаи аввалро касб кардаанд. Дар мақоми дувуму севум Туркманистон ва Қирғизистон қарор гирифтаанд.

Зинаҳои боқиро Украина, Молдова, Озарбойҷон, Белорус, Тоҷикистон ва Қазоқистон ишғол кардаанд. Русия бо 291 ҳолати маргу мир бар сари 100 ҳазор аҳолӣ дар мақоми 10-ум аст.

Ба гуфтаи муаллифон, сокинони кишварҳои мазкур гирифтори бемориҳое шудаанд, ки дар натиҷаи истифодаи аз ҳад зиёди намак ва истеъмоли ками мева сар задаанд.

​Дар Аврупо нишондоди аз ҳама баланди маргу мири сокинон ба иллати ғизои нодуруст дар Олмон ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, сокинони Испания, Исроил ва Фаронса ғизои беҳтар мехуранд.

XS
SM
MD
LG