Дар ноҳияи Иссиқкӯли Қирғизистон гуруҳи муфаттишон ҳодисаи тахрибкории қабристони деҳаи Ананеворо тафтиш мекунад.
Тахриби гурҳо ворисони мурдаҳоро нигарон кардааст. "Одамоне ки ин корро кардаанд, аз ақл бегонаанд. Зеро одами солим чунин кореро намекунад. Инҷо бадбинии миллӣ нест", - гуфт Александр, яке аз сокинони маҳаллӣ.
Сталбек Усубакунов, намояндаи пулиси ноҳияи Иссиқкӯл гуфт, гумонбарон ҳоло пайдо нашудаанд.
Ананево яке аз бузургтарин деҳаҳои гуногунмиллати ноҳияи Иссиқкӯл аст. Шумори аҳолии ин деҳа ба бештар аз 14 ҳазор мерасад.