Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ба фарзандони низомиён грантҳои давлатии омӯзиш дар донишгоҳҳо дода мешавад


Президент Шавкат Мирзиёев шаҳрвандони Ӯзбекистонро бо 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ва Рӯзи ҳомиёни Ватан табрик гуфт. Матни табрикоти президенти Ӯзбекистон дар сомонаи расмии ӯ нашр шудааст.

"Дар оянда низ ба тақвияти тавонмандии дифоии кишвар, омода кардани мутахассисони низомӣ, ташкили шароит барои ҳомиёни Ватан ва хонаводаи онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад шуд. Танҳо дар соли 2019 дар асоси қарзҳои боимтиёз барои хидмадчиёни ҳарбӣ 116 бинои зисти баландошёна бунёд мешавад. Барои беш аз 700 фарзанди низомиён грантҳои давлатии омӯзиш дар мактабҳои олӣ ҷудо хоҳад шуд", - омадааст дар табрикоти президент.

Мирзиёев афзудааст, ки ҳамчунин таъмиру бозсозии шаҳракҳои низомӣ ва бунёди зербиноҳои замонавӣ дар онҳо идома хоҳад ёфт.

Президенти Ӯзбекистон дар мавриди таҳдидҳои байналмилалии терроризм, экстремизм, хатарҳои амнияти милливу ҷаҳонӣ гуфт, дар кишвараш Доктринаи нави дифоие таҳия шудааст, ки мавқеи устувори давлатро дар масъалаҳои сиёсиву низомӣ инъикос менамояд.

XS
SM
MD
LG