Ҳавопаймо ба ширкати эронӣ тааллуқ дошт ва аз Қирғизистон ба Эрон парвози чартерӣ анҷом медод. Дар ин бора Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳавопаймо соати 7:16 ба вақти Бишкек аз фурудгоҳи "Манас" парвоз карда буд.
Дар ҳоли ҳозир иттилои расмие дар бораи шумори қурбониён нашр нашудааст. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки дар дохили ҳавопаймо 9 одам ҳузур дошт. Эҳтимол дорад, шумори қурбониҳо аз 9 то ба 16 кас расад.