Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон аз афзоиши эҳсосоти зиддичинӣ нигаронанд


Дар Қирғизистон тайи ду моҳи ахир пурзӯршавии эҳсосоти зиддичинӣ мушоҳида мешавад. Мақомоти расмии ин кишвар, аз ҷумла президент Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, онҳоеро, ки мехоҳанд, муносибати Бишкек бо Пекин бад шавад, муҷозот хоҳанд кард.

Аз моҳи декабри соли 2018 то ҳол дувумин тазоҳурот аст, ки бо талаби ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии Чин дар Қирғизистон баргузор мешавад. Бори охир ҳудуди 300 сокини Қирғизистон 7 январ ба кӯчаҳо баромада буданд. Даъват ба тазоҳурот ба воситаи паёмакрасонҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.

​Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 9 январ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Соқулуқи вилояти Чӯй аз чиниҳо ҷонибдорӣ карда, ҷанбаҳои мусбати муносибатҳо бо Пекинро шарҳ дод.

"Чин ҳамсояи мост. Гузаштагони мо гуфтаанд, ки бо ҳамсояҳо муносибати хуб дошта бошед. Онҳо ҳам бо мо чунин муносибатро мекунанд. Грантҳо медиҳанд. Ин қарзҳо бояд чи хел истифода шаванд? Ин масъалаи дохилии мост. Вазифаи мансабдорон ва онҳое, ки дар мансабҳои давлатианд. Бояд ба онҳо сипос бигӯем", - афзуд президенти Қирғизистон.

Ҷеенбеков гуфт, давлат мавҷи муҳоҷирати сокинони хориҷиро назорат дорад ва ҳангомаву сарусадоҳо кори нирӯҳои дохилист. "Сиёсисозии масъала кори нирӯҳои дохилист. Фикр накунанд, ки коре карда метавонанд. Ҳамаашонро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид. Аз чизе наметарсем. Бародарони гиромӣ, зидди ҳама чора меандешем ва ин масъаларо ҳал мекунем", - изҳор дошт ӯ.

​Муовини сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов дар як нишасти хабарӣ гуфт, сарусадоҳо дар бораи онро ки гӯиё Қирғизистон ба далели қарздорӣ як қисми заминашро ба Чин хоҳад дод, беасос аст. "Инро шаҳрвандоне мегӯянд, ки аз муҳтавои созишномаи дуҷониба хабар надоранд. Дар созишнома ин гуна масъала матраҳ нест", - афзуд вай.

Дар тазоҳуроти моҳи декабри соли 2018, ки иттиҳодияи ҷамъиятии "Қирғиз чоролору" созмон дод, иштирокдорон дар баробари ихроҷи муҳоҷирони ғариқонунии чинӣ, ҳамчунин аз сафорати Чин хостанд, Пекин таъқибу боздошти ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла қирғизтаборонро қатъ кунад. Дар сурати ғайр, таҳдид карданд, ки бо ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии Чин мустақилона машғул хоҳанд шуд.

Соли 2018 ба Қирғизистон беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Чин рафтааст ва аз ин шумор танҳо 34 ҳазору 436 нафар баргаштаанд. Дар қайди Хадамоти ба қайдгирии давлатии Қирғизистон ҳудуди 25 ҳазор шаҳрванди Чин қарор доранд.

XS
SM
MD
LG