Ссылки доступа

Дар Қазоқистон қочоқчиён ба нозирони табиат ҳамла карданд


Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон дар натиҷаи ҳамлаи браконерҳо ё қочоқчиёни эҳтимолӣ яке аз нозирони корхонаи давлатии "Охотзоопром" кушта ва як тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин бора Сакен Дилдахмет, як масъули вазорати кишоварзии Қазоқистон тавассути Фейсбук хабар дод. Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи якшанбе рух додааст.

Ба навиштаи Дилдахмет, 13 январ коргарони "Охотзоопром" дар ҳудуди ноҳияи Нурин ҷасади панҷ сайгак ва ду мошини бе рақами қайди давлатиро мушоҳида кардаанд. Ҳангоми тафтиши дохили яке аз мошинҳо одамони ношинос ба нозирон ҳамла намудаанд.

Дар натиҷа яке аз ду нозир кушта ва дувумӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст.

XS
SM
MD
LG