Ссылки доступа

Дар Андиҷон 4 маъмури пулис бо ҷурми шиканҷаи соҳибкорон боздошт шуданд


Дар Ӯзбекистон дасти кам чаҳор корманди Идораи пулиси вилояти Андиҷон бо гумони шиканҷаи соҳибкорон дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар бозпурсӣ мешаванд.

Манобеъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Андиҷон 14 январ тасдиқ карданд, ки чор корманди бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ ва мубориза бо терроризми Идораи пулиси вилоят дастгир карда шудаанд. Ба гуфтаи яке аз соҳибкорони Андиҷон, ин чаҳор корманди пулис чанд рӯз мешавад дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти давлатии вилоят нигаҳдорӣ мешаванд.

"Муовини аввали сардори пулис Туланбой Раззоқов аз мақом барканор ва зиддаш парванда боз шудааст. Чаҳор маъмури дигар – Ҳумоюн, Одил, Ботир ва Шукур дар боздоштгоҳанд. Онҳо тайи 5 соли ахир идораи пулисро ба як мофиё табдил дода буданд. Соҳибкорони маъруфро 15 рӯз ҳабсу зери шиканҷа маҷбур мекардаанд, ки тиҷорати худро ба шахсони дигар диҳанд. Зидди соҳибкороне, ки розӣ намешуданд, бо ҷурми ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз карда, онҳоро то 15 сол аз озодӣ маҳрум мекардаанд", – афзуд соҳибкори андиҷонӣ.

Хабари боздошти чаҳор корманди пулиси Андиҷонро манобеъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят тасдиқ карданд. Дар сомонаи Идораи пулиси вилояти Андиҷон 14 январ навишта шуда буд, ки Туланбой Раззоқов муовини аввали сардори пулис аст.

Додситонии кулли Ӯзбекистон низ боздошти маъмурони пулисро дар вилояти Андиҷон тасдиқ кард. Соҳибкорони маҳаллӣ мегӯянд, ҳудуди 150 хешу наздики соҳибкороне, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии кормандони пулис осеб диданд, ба зинаҳои болоӣ шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG