Ссылки доступа

Кобул писари раҳбари “Ансоруллоҳ”-ро ба Душанбе таслим кард


Мақомоти Афғонистон писари раҳбари “Ансоруллоҳ” - як гурӯҳи ифротгарои исломиро ба Тоҷикистон супурданд. Ин гурӯҳ, ки умдатан аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иборат аст, бино ба гузоришҳо дар Покистон таъсис ёфта ва онҷо қароргоҳ дорад.

Саидҷалолиддин Табаров, писари Амриддин Табаров, раҳбари “Ансоруллоҳ”- ро 20 рӯз пеш ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим кардаанд.

Шарофиддин Эмомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон 14 январ гуфт, ҳамроҳ бо Саидҷалолиддин чаҳор узви дигар гуруҳро низ ба Душанбе истирдод карданд. Ба гуфтаи сафир, истирдоди афроди гумонбар ба терроризм ва ифротгароӣ, ки дар Афғонистон дастгир шудаанд, бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ сурат гирифт.

Ӯ гуфт, Афғонистон соли гузашта 40 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо ҷурми узвият дар созмонҳои тундрав боздошт шуданд, ба Тоҷикистон доданд. “Дар миёни онҳо зану шавҳар ва кӯдакон низ буданд. Писари Амриддин Табаров охири моҳи декабр ба Тоҷикистон дода шуд. Ҳамкориҳои мо дар ин масъала бо мақомоти Афғонистон хуб аст”, - гуфт Шарофиддин Эмомов.

Саидҷалолиддин ва Абдуфаттоҳ Табаровҳо, ду писари раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-ро соли 2009 нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон боздошт кардаанд ва онҳо дар зиндони Багром нигаҳдорӣ мешуданд. Абдуфаттоҳ Табаров, писари дигари Амриддин Табаров дар ҳамин зиндон будааст ва ҳоло маълум нест, чаро ӯ ба Тоҷикистон истирдод нашудааст.

Абдулшукур Қудусӣ, волии Багром рӯзи 14-уми январ гуфт, масъулияти посбонии зиндонро, ки дар гузашта дар ихтиёри неруҳои амрикоӣ буд, ҳоло худи мақомоти амниятии Афғонистон дар даст доранд.

Дар бораи сарнавишти фарзандони Амриддин Табаров, соли 2016 нахуст рӯзномаи “Вашингтон Пост” навишт. Дар он замон нашрия навишт, ки бар асоси қонун, мӯҳлати нигаҳдории фарзандони раҳбари “Ансоруллоҳ” дар зиндони Багром тамом шудааст, вале онҳо намехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки аз Ҳаракати пешини исломии Ӯзбекистон ҷудо шуда, ҷангҷӯёни тоҷики ин гуруҳро муттаҳид мекард.

XS
SM
MD
LG