Ссылки доступа

Дар маркази Фарғонаи Ӯзбекистон биноҳоеро тахриб мекунанд, ки сокинон ҳанӯз истиқомат доранд


Биноҳои истиқоматии дуошёнаро, ки дар кӯчаи Алишер Навоии маркази шаҳри Фарғона қомат афрохтаанд, тахриб мекунанд, дар ҳоле, ки дар ин биноҳо сокинон ҳанӯз истиқомат доранд.

Соҳибони хонаҳои ин бино розӣ нестанд, ки ба биноҳои дигари пешниҳодшуда кӯч банданд. Биноҳои пешниҳодшуда аз шаҳру мактаб дур ҳастанд. Мақомот мегӯянд, онҳо талош доранд, ҳарчи зудтар сокинонро кӯчонанд, зеро замини биноҳои дуошёнаи маркази шаҳр ба сармоягузорони Куриёи Ҷанубӣ иҷора дода шудааст. Сармоягузорон овардани 100 миллион долларро ваъда кардаанд.

Маъмурияти шаҳр 2 январ ба сокинон хабар додааст, ки биноҳо дар фурсатҳои наздик тахриб хоҳанд шуд. Як ҳафта пеш тахриби биноҳо шуруъ шуд. Мақомот ҳамарӯза дари сокинонро мекӯбанд ва онҳоро ба кӯчидан маҷбур мекунанд.

Аз 18 хонаводаи ин бино 9 хонавода то ин замон кӯч бастаанд. Аммо 9 хонавода дар ҳоле дар биноҳои қадимӣ зиндагӣ доранд, ки тахриби бино шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG