Ссылки доступа

Бо "папаха"-и Ҳабиб дар хиёбонҳои Душанбе (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 15-уми январи соли 2019. Бонки Миллии Тоҷикистон аз барканории раҳбарони бонки "Эсхата" ҳимоят кард, сокинони Душанбе мегӯянд, аз гази Узбекистон баҳрабардорӣ мекунанд, вале фишори он суст аст, суқути ҳавопаймои боркаш дар Эрон, зиёрат аз урдугоҳҳои тарбиявии Чин ва матолиби дигар. (видео)

- Бо "папаха"-и Ҳабиб дар хиёбонҳои Душанбе. Дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҷавонони кулоҳсафед зиёд ба назар мерасанд, ки "папаха"-ро ҳамчун сарпӯши зимистона ба сар мекунанд. Аксҳои мухлисони Ҳабиб Нурмагамедов бо "папаха", ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон нашр мешаванд, таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷикро ба ин навъи сарпӯш ҷалб кардааст. (видео)

- Дастгоҳи кумакрасони одамони дорои имкониятҳои маҳдуд. Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ соҳибкори ҷавон дастгоҳе ихтироъ кард, ки ба одамони дорои имкониятҳояшон маҳдуд кумак мерасонад (видео)

- "Даргил наник" 100 навзодро аз зиндаятимӣ наҷот дод (видео)

- Гази Ӯзбекистон ба хонаи сокинони Душанбе расид. Зулфия Урунова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе, пас таваққуфи беш аз даҳсола бо гази табиии Ӯзбекистон чой меҷӯшонад ва хӯрок мепазад. Сокинони ин кӯчаи пойтахти Тоҷикистон аз аввалин маҳаллаҳое ҳаст, ки дубора соҳиби гази табиии Ӯзбекистон шудаанд (видео)

- Сабаби марги Амирҷон --"нуқси модарзод" ё иштибоҳи ҷарроҳ? Наздикони Амирҷони Сатторов, як тифли тоҷик, ки баъд аз ду ҷарроҳӣ ва ду моҳи муолиҷа дар беморхона даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд (видео)

- Осиё: қонунро бозбинӣ ва ҷаримаҳоро кам мекунанд. Дар Бишкек шаҳрдори пешинро суд мекунанд: ӯ дар фасодкорӣ айбдор мешавад, вале худи вай парвандаашро сиёсӣ меномад. Дар Қазоқистон бархе аз сокинон намехоҳанд, телефонҳои худро ба қайд гиранд: ба онҳо қатъи алоқаашонро ваъда медиҳанд. Мӯди нав дар Душанбе: каллапӯши варзишкори маъруф Ҳабиб. (видеои Настоящее время)

- Раъйгирии порлумони Бритониё роҷеъ ба нақшаи Тереза Мэй чи гуна баргузор шуд. (видеои Настоящее время)​

- Дар Қирғизистон ҳаҷми ҷаримаҳоро бозбинӣ карданианд. (видеои Настоящее время)

- Шинҷони гузашта, ҳозира ва сокинони он. Тақрибан ними сокинони Шинҷон уйғур, қирғиз, қазоқ ва ӯзбеконанд. Бархеҳо онро ҳанӯз ҳам "Туркистони Шарқӣ" меноманд. Ин минтақа, ки солҳои ахир ба яке аз маконҳои пӯшида табдил ёфтааст, чӣ таърих дорад? (видео)

- Молики "Алп-Ҷамол Бонк", ки дар даврони Ислом Каримов Ӯзбекистонро тарк карда буд, ба ватан баргашт. (видео)

- Хадиҷа Исмоилова ба ҷонибдорӣ аз блогер Меҳмед Ҳусейнов гуруснанишинӣ кард. Рӯзноманигори таҳқиқотгари Озарбойҷон Хадиҷа Исмоилова бо талаби озод кардани блогнависи зиддифасод Меҳмед Ҳусайнов ва дигар зиндониҳои сиёсӣ ба гурӯҳи фаъолоне пайваст, ки бо чунин талаб даст ба гуруснанишинӣ задаанд. (видео Директ)

- Дар Озарбойҷон фаъолонро барои чӣ таъқиб мекунанд? (видеои Настоящее время)

- Суқути ҳавопаймо дар Эрон. Дар маҳалли ҳодиса. (нигористон)

- Ҳокими Остона маоши миёнаи шаҳрро эълон кард (видео)

- Шелленберги канадагиро дар Чин ба марг маҳкум карданд. Ин ҳукм вазъи танишбори муносибатҳои ду кишварро дучанд кард (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG