Барои гумонбари севум Жанар Толибоева, ки дар хабар надодан ба мақомот айбдор аст, чаҳор соли зиндон талаб шуд.
Гумонбарон дар мурофиаи ахир айби дуздиро ба гардан гирифтанд, вале гуфтанд, ки кушторро пешакӣ маслиҳат накарда буданд. Онҳо аз додгоҳ хостанд, ки банди "Куштор бо маслиҳати пешакӣ"-ро бекор кунад. Ба гуфтаи додситон Кунадик Досов, "айби гумонбарон дар рафти мурофиаҳо пурра исбот карда шуд".
Баррасии парванда 3 январ дар Додгоҳи шаҳри Алмато оғоз шуда буд.
Варзишкори маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли 2018 дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро дузданд.