Ссылки доступа

Гази табиии Ӯзбекистон ба хонаҳои сокинони Душанбе расид


Интиқоли гази табии Ӯзбекистон баъди таваққуфи беш аз даҳсола дубора аз аввали соли равон ба баъзе аз маҳаллаҳои Душанбе аз сар гирифта шуд.

Ӯзбекистон фурӯши гази табииро ба Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта оғоз карда буд, вале то ҳол аз он танҳо корхонаҳои саноатии кишвар истифода мекарданд.

Зулфия Урунова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе, пас таваққуфи беш аз даҳсола бо гази табиии Ӯзбекистон чой меҷӯшонад ва хӯрок мепазад. Сокинони ин кӯчаи пойтахти Тоҷикистон аз аввалин маҳаллаҳое ҳаст, ки дубора соҳиби гази табиии Ӯзбекистон шудаанд.

“Дар ҳоли ҳозир фишори гази Ӯзбекистон паст аст мо фақат чой ҷӯшонда метавонем”, - гуфт ӯ рӯзи 15 январ.

Урунова мегӯяд, барои ҳар метри мукааб гази табиӣ 1 сомониву 70 дирам пардохт мекунанд. Дар як моҳ ҳаққи истифодаи гази табиӣ ба 40 сомонӣ баробар аст. Ҳанӯз ба иллати муддати тӯлонӣ истифода нашудани лӯлаҳои гази табиӣ ва бурида шудани баъзе аз лӯлаҳо сокинони маҳаллаҳои дигари пойтахт ҳанӯз гази табииро дарёфт накардаанд.

Масъулони идораи “Душанбегаз” гуфтанд, сабаби аслии ба маҳллаҳои дигар интиқол наёфтани гази табиии Ӯзбекистон фарсуда шудани лӯлаҳои гази табиӣ аст. Барои таъмири лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ ба сокинони маҳаллаҳои пойтахт корхонаи “Душанбегаз” ҳанӯз сармояи кофӣ надорад. Аммо ҳамзамон теъдоде аз ошхонаву тарабхонаҳо бо таъмиру азнавсозии лӯлаҳо бо сармояи худ соҳиби газӣ табиӣ шудаанд.

Марат Зинченко, корманди масъули ошхонаи “Қатра” гуфт, "пештар гази моеъ истифода мебурдем. 1 литри он то 4 сомониву 50 дирам буд. Як моҳ шуд, гази табиии Узбекистонро истифода мебарем, ки тақрибан ду баробар арзонтар аст".

То замони қатъи пурраи интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2012, корхонаҳои Тоҷикистон ҳар ҳазор метри мукааб гази табииро то 350 доллари амрикоӣ мехариданд.

Сокинон аз соли 2010, замони то 250 доллари амрикоӣ баланд бурдани қимати гази воридотӣ аз Ӯзбекистон комилан аз истифодаи он маҳрум шуда буданд. Он замон солона Тоҷикистон аз Ӯзбекистон то ҳудуди 600 миллион метри мукааб гази табиӣ мехарид.

XS
SM
MD
LG