Ссылки доступа

Иктишофи ИМА: Чин дар ояндаи наздик соҳиби силоҳи пешрафтатарин мешавад


Неруҳои мусаллаҳи Чин дар ояндаи наздик соҳиби силоҳи муосиртарин хоҳанд шуд. Ин силоҳ дар натиҷаи муосирсозии солҳои охири артиши он кишвар коркард шудааст.

Ҳадаф аз коркардҳои охир рушди якбораи амнияти артиши Чин ва бозгардонидани Тайван ба Чин унвон мешавад.

Ин хулоса дар гузориши махсуси иктишофи низомии Амрико зикр шудааст. Гузориш рӯзи сешанбе нашр шуд.

Дар гузориш омадааст, ки Пекин интизор дорад, "нерӯҳои хориҷӣ" мумкин аст, аз Тайван ҳимоят кунанд. Ба ин далел Чин маҷбур шудааст, низомеро коркард кунад, ки амалкардҳои "нерӯҳои хориҷӣ"-ро дар минтақа маҳор месозад. Бино бар иттилои Амрико, харҷҳои низомии Чин дар соли 2018 бештар аз 200 миллиард доллар будааст. Ин нишондод нисбати соли 2002 се барбар бештар аст. Буҷаи мудофиаи ИМА наздики 700 миллиард долларро ташкил медиҳад, аммо қисмати аксари он ба таҳқиқотҳои илмӣ ва коркарди силоҳҳои нав равона мешавад. Аммо Чин барои таҳқиқотҳо сарфаҷӯӣ мекунад ва бештар аз силоҳҳои хориҷӣ нусхабардорӣ менамояд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Чин силоҳҳои хориҷиро барои нусхабардорӣ ҳам бо роҳҳои машруъ ва ҳам бо роҳҳои номашруъ дастрас месозад. Ин кишвар ҳамчунин ширкатҳои ғарбиро маҷбур месозад, ки дар ивази роҳ ёфтан ба бозори Чин, технологияҳои муҳимашонро дар ихтиёри чиниҳо гузоранд.

Бино ба гузориши иктишофи Амрико, Чин ҳамакнун соҳиби мушакҳои болдор аст, ки метавонад, онҳоро аз ҳавопаймо, киштиҳо партоб кунад.

Коршиносони амрикоӣ мегӯянд, талоши иҷбории ҳамроҳсозии Тайван ба Чин ногузир аст. Аммо Чин мехоҳад, низоъе сурат нагирад.

XS
SM
MD
LG