Ссылки доступа

Қирғизистон аз қурбониёни фоҷиаи деҳаи Дачи-СУ ёд мекунад


Дар Қирғизистон солгарди дувуми фоҷиаи деҳаи Дачи-СУ-и наздикии фурудгоҳи "Манас"-ро ёдовар мешаванд.

Субҳи барвақти 16 январи соли 2017 дар болои деҳаи мазкур ҳавопаймои Boeing-747-400 суқут кард. Дар натиҷа 35 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 сарнишини ҳавопаймо - шаҳрвандони Туркия кушта шуданд. Бино ба иттилои расмӣ, ҳавопаймои самти Истамбул мехост, дар фурудгоҳи "Манас" маводи сӯхт бигирад.

Ҳангоми фуруд омадан дар "Манас" дар баландии 17 метр сарнишинон тасмим гирифтаанд, ки дубора ба ҳаво хезанд ва дар даври дувуми фуруд оянд. Аммо баъди чанд сония ҳавопаймо суқут кард.

Дар деҳаи Дачи-СУ 19 хона тахриб шуда, 7 хонаи дигар осеб дид. 12 манзили дигар қисман хароб шуд.

Ахиран президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо кӯдаконе мулоқот кард, ки наздикони худро дар он фоҷиа аз даст доданд. Президент гуфт, ин фоҷиа дар хотираи қирғизистониҳо нақш бастааст.

XS
SM
MD
LG