Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон интернетро то 15% гарон карданианд


Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ хост, ҳар дақиқаи гуфтугӯи корбарон тавассути Viber, Whatsapp, IMO ва паёмрасонҳои дигарро ҳисоб карда, аз рӯи он андоз супоранд. Вале ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, имкони ҳисоби гуфтугӯи одамонро тавассути паёмрасонҳо надоранд.

Як ҳамсуҳбати мо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми январ гуфт, тасмими охири мақомоти андоз ин аст: нархи траффики интернете, ки ба хориҷа меравад (траффике, ки тавассути Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад), боло бардошта шавад, то аз ин ҳисоб андози бештар ситонанд. Аммо ҳамсуҳбати мо гуфт, "чун траффики Интернетро аз ҳам ҷудо кардан мушкил аст, интизор меравад, нархи Интернет дар маҷмӯъ аз 10 то 15 дар сад боло бурда шавад",

Бар замми ин, Кумитаи андози Тоҷикистон хостори он шудааст, ки NGN дубора ба ҳамаи ширкатҳо иҷозат дода шавад. Ба фарқ аз паёмрасонҳои Viber, Whatsapp ва IMO, назорати дақиқаҳои гуфтугӯ тавассути NGN имконпазир аст. Соле қабл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муҷаввизи алоқаи NGN-ро аз ширкатҳо гирифта буд.

Кумитаи андоз мехоҳад иҷозаи алоқаи NGN ба ҳама ширкатҳо дода шуда, нархи гуфтугӯ тариқи он боло бурда шавад, то манбаи андозситонӣ бештар гардад. Як мақоми баландпояи ширкати мухобиротӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, пас аз иштирок дар маҷлисҳо бо ҳузури намояндагони Кумитаи андоз "дар ҳолати шок қарор доранд".

"Бе ин ҳам ҳоло Интернети Тоҷикистон сифати бад дорад ва гарон аст. Агар мо нархро аз ин ҳам гарон кунем, муштариҳо кам мешаванд. Ба ҷои он ки Кумитаи андоз кӯшиш кунад, бозор рушд ёбад ва аз ҳисоби бештар шудани хадамот андози бештар гирад, баръакс, талош дорад чизе, ки ҳаст ба истилоҳ бештар бидӯшад", - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як комиссияи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки қимати як мегабайти Интернет барои гуфтугӯ тариқи NGN тақрибан 0,65 сомонӣ (0.07 доллари амрикоӣ) муқаррар карда шавад. Мақомот ҳисоб кардаанд, ки барои як дақиқаи гуфтугӯ бо NGN панҷ мегабайт Интернет зарур аст.​ Ин комиссия бо дастури Дастгоҳи иҷроияи президент аз ҳисоби намояндагони Вазорати молия, Хадамоти алоқа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андоз ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG